Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Кори неку кардан аз пур кардан аст

Муҳтавои асосии ҷаласаи назоратии имрӯза – 12 август пеш аз ҳама аз муайян намудани масъалаҳои муҳимми ҳафтаи оянда, аз қабили ҳолати иҷрои нақшаи пардохти маблағҳои андоз, ба хусус андози иҷтимоӣ, рафти корҳои саҳроӣ: ҷамъбасти апробатсияи дар қитъаҳои замини гузаронидашуда; ҳолати нигоҳубин ва парвариши зироатҳои кишти такрорӣ; иҷрои супоришҳо дар бораи захиракунии хӯроки чорво аз рӯи дастуру супоришҳои додашуда, таҳия намудани амри раиси ноҳия оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта ва коркарди он, зери назорат гирифтани иҷрои амр, пешниҳоди маълумот оид ба зимистонгузаронӣ барои давраи фаъолият дар тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020, таъмиру тармими роҳи кӯчаи Синои шаҳрак ва роҳи деҳоти Панҷрӯд – Даштигуло, ташкил ва баргузор намудани ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ ва аёву анҷоми хониш дар бозори марказии ноҳия ва дигар ҷойҳои мувофиқ, баргузор намудани чорабинӣ оид ба рӯзи кормандони соҳаи тиб дар толори маҷлисгоҳи нав таъмиршудаи беморхона, таҳия ва пешниҳод намудани ҷадвали баргузории вохӯриҳо бо аҳли ҷамоатчигӣ оид ба масъалаи пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус ВНМО бо иштироки мутахассисон, омода намудани рӯйхати ҷавонони синни даъватӣ маҳалла ба маҳалла, таъмиру тармим намудани фаввора (фонтан) ва системаи обёрии газонҳои меҳмонхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат буданд.
Дар рафти таҳлилу баррасии масъалаҳои дар рӯзномабуда, раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ба таъмиру тармими саривақтии бинои муассисаҳои таълимӣ, аниқ кардани теъдоди кӯдакон ва шумораи китобҳои хондаи онҳо дар давраи таътили тобистона, ҷамъбасти баргузории намози иди Қурбон ва хайру эҳсони мусулмонон дар ин рӯз, аниқ кардани кори имрӯзаи масҷидҳои ғарирасмӣ, ки фаъолияти онҳо қатъ карда шудааст, гузоштани лавҳаҳои хотиравӣ дар сари манзили иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва касбомӯзии ҷавонони синнашон ба даъват расида бештар истода гузашт.
Ҳамчунин қайд гардид, ки аз аввали сол то имрӯз аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба ноҳия 129,6 миллион сомонӣ дохил шудааст. Фақат дар моҳи июл 18,2 миллион сомонӣ ба ноҳия ворид гардидааст. Лозим аст, ки барои ободонӣ, ташкили фаъолияти соҳибкорӣ, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ва ғайра аз ин маблағҳо истифода барем, то ки аз як тараф барои беҳбудӣ бахшидан ба ҳаёти минбаъдаи одамон мусоидат намоянд ва аз тарафи дигар манбаъҳои андозсупорӣ мегарданд.


Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

  

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.