Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ПАХТАЧИНӢ ОҒОЗ ЁФТ

      Тавре қаблан хабар дода будем, баҳри ба даст овардани ҳосили дилхоҳ дар байни хоҷагидорони ноҳия «30 рўзи меҳнати зарбдор» эълон шуда буд, бояд ҷамъбаст гардад.
       Аз Ситоди марказии ноҳия ба мо хабар доданд, ки дар саҳроҳои нопайдоканори пахтазори ноҳия маъракаи пахтачинӣ муташаккилона оғоз ёфт. Деҳқонони шуҳратманди ноҳия имсол дар майдони 5606 гектар кишти босифати пунбадона гузаронида, нияташон ба даст овардани ҳосили дилхоҳ мебошад.
      - Дуруст аст, ки имсол низ табиат бо гармиҳои хеле баланди худ қудраташро нишон дод, аммо мутахассисону деҳқонони ботаҷрибаи мо ба ин инҷиқиҳои табиат таҷрибаи бойи дар ин соҳа ғуннамудаи худро муқобил гузошта, дастболо шуданд. Ба қитъаҳои пахта аз рўи меъёр об монда, аз техникаҳои хоҷагии қишлоқ самаранок истифода бурданд. Ба нашъунамои пахтазорон ва серҳосил гардидани ниҳолҳои пахта истифодаи самараноки порў ва нуриҳои минералӣ низ кўмаки асосӣ расонд, -гуфт зимни суҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Маҳдӣ Орифзода.
Дар ноҳия аввалин шуда, хоҷагии деҳқонии «Саодат» (роҳбараш С. Ҷўраева) аз Ҷамоати деҳоти Даштигуло ва Кооперативии истеҳсолии «Зарафшони Панҷ» (роҳбараш Х. Одинашоев) аз Вамоати деҳоти Меҳнатобод ба ҷамъоварии ҳосили пахта шурўъ намуданд. Нияти пахтакорони хоҷагиҳои ноҳия имсол ба Ватан супоридани 12651 тонна «тиллои сафед» мебошад.
      Аминем, ки деҳқонони соҳибтаҷрибаи ноҳия, аз рўи гуфтаҳои «Ваъда додӣ вафо кун, қавл додӣ иҷро кун» корро идома дода, сарбаландӣ насибашон мегардад.

А. САЛИМЗОДА

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.