Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОН


      Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мактаби рақами 14 конференсияи августии омӯзгорони ноҳия баргузор гардид.
Пеш аз оғози кори конференсия дар саҳни мактаб намоиши дастовардҳои мактабҳо дар соли хониши 2018-2019 ба намоиш гузошта шуд.
Даромадгоҳи мактаб "Маркази қабули сайёҳони хориҷӣ"-ро мемонд. "Меҳмонон" аз Америка,Ҳиндустон, Россия, Узбекистон, ба раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода аз таассуроти гирифтаи худ ҳангоми сайр оид ба дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ нақл карданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат аз намоиши дастовардҳои маорифчиёни дидан намуд.
- Дар намоиш беҳтарин, нодиртарин, тозатарин дастоварҳоро бояд гузошт. Аз намоиши баъзе ашёҳо, ки дар ҳамаи чорабиниҳои ноҳиявӣ пешниҳод шудаанд, даст бояд кашид, таъкид дошт Бозоралӣ Одиназода. Дастовардҳои мо бояд ҳамқадами асри бистуяк бошанд, тафаккури эҷодии моро такон дода, сарчашмаи рушди он гарданд, илова намуд раис.
Бо ҳар кадом гурӯҳи ҷамомадагон суҳбат намуда, бо онҳо саволу ҷавоб менамуд.
Дар рӯзномаи конференсия як масъала: Фаъолияти шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2018 вазифаҳо дар соли нави хониш" муҳокима ва баррасӣ гардид. Мудири шуъбаи маориф А. Исоев ҳисоби худро қироат намуд. Аз ҷумла дар бораи дастовардҳои омӯзгорони ноҳия дар давоми соли хониш, фаъолияти маркази рушд ва дарёфти истеъдодҳо, дастовардҳои хонандагон сухан кард.
Директори мактаби рақами 30 Фотима Афзалова, раиси Ҷамоати деҳоти "Қаҳрамон" Исмоил Гадоев ба музокира баромада, аз бурду бохти таълиму тарбия дар мактаби худ ва мактабҳои ҳудуди деҳот қайдҳо карданд.
Конференсияро раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ҷамъбаст намуда, нисбати баъзе маълумотҳои маърӯзаи мудири шуъбаи маориф эрод гирифта, ҳамчунин барои дар оянда беҳтар намудани сифати таҳсилот дар таълимгоҳҳои ноҳия тавсияҳои судманд доданд.

Маркази матбуотии раиси ноҳия

 

 

 

 

 

  

 

 

 

 

 

   

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

И.в раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай