Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Табрикоти раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат бахшида ба Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли таҳсил

 

Таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсилро, ки дар остонаи ҷашни бистуҳаштумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон мегузарад, ба кулли кормандони соҳаи маориф, хонандагон, падару модарон ва мардуми сарбаланди ноҳия самимона табрик мегӯям.

Боиси ифтихор аст, ки имсол халқи шарафманд ва соҳибхиради мо роҳи дар зарфи 28 сол тайкардаи худро ҷамъбаст намуда, бо шукрона аз фазои оромиву осудагӣ бузургтарин ҷашни миллиамонро бо ифтихори баланди ватандӯстона пешвоз мегирад. Дар ин раванд, хусусан, аз рӯҳияи ҷавонони Тоҷикистони азиз эҳсос мегардад, ки онҳо дар омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир беш аз ҳар вақти дигар кӯшиш карда, неруи худро бо ташаббусу ибтикороти шоиста барои пешрафту ободии Ватани маҳбубамон сарф карда истодаанд.

Президенти кишвар дар сиёсати худ ба масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат эълон дошта, дар зарфи 28 соли истиқлолият тадбирҳои зиёдеро дар ин самт амалӣ намудаанд.
        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки “Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар.”

Бинобар ин, имрӯз вазифаи муҳимтарине, ки имрӯз дар назди соҳаи маориф қарор дорад, мунтазам баланд бардоштани сифати таълим мебошад. Зеро азхудкунии фанну ихтисосҳои алоҳида ва сатҳи дониши хатмкунандагон, яъне омодагии мутахассисони ҷавон дар доираи талабот ва стандартҳои давлатӣ беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.

Дар баробари ин, сатҳу сифати таълими фанҳо мавриди санҷиш қарор гирифта, дар асоси натиҷаҳои он бояд усулҳои фаъоли таълим ҷорӣ гардад ва маҳорати касбии омӯзгорон таҳким бахшида шавад.

Дар шароити таҳаввулоти босуръати илмиву технологӣ зарурати дар раванди таълим ҷорӣ кардани воситаву таҷҳизоти инноватсионӣ амри воқеӣ гардида, ба роҳ мондани таълим тавассути воситаҳои муосири техникӣ ногузир мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол малакаи аз ин воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ истифода карда тавонистани омӯзгорон, бахусус муаллимони равияҳои гуманитарӣ дар сатҳи зарурӣ қарор надорад.
Омӯзгори имрӯза бояд барои аз худ кардани воситаҳои техникии навтарини таълим, ба монанди технологияҳои шабакавӣ, китобхонаи электронӣ ва монанди инҳо кӯшиш намояд ва дар ҷараёни таълим аз ин воситаҳо самаранок истифода барад. Бо ин усул таълим додан самараноктар буда, азбарнамоии фан низ натиҷаи беҳтар мебахшад.
Ҳамзамон бо ин, аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорони ин фанҳо роҳандозӣ ва заминаи моддиву техникии утоқҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои ба ин равияҳо нигаронидашуда таҳким бахшида шавад.

Соати аввали Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз меёбад.
Дар робита ба ин, мехоҳам дар бораи аҳаммияти сулҳ, нақши калидии он дар ҷаҳони муосир, мақому манзалати сулҳу субот барои халқи мо ва арҷ гузоштан ба ин неъмати бебаҳо аз ҷониби наврасону ҷавонон ва кулли шаҳрвандони мамлакат изҳори андеша намоям. Сулҳ мафҳуми муқаддас ва беназир буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ барои тамоми сокинони сайёра аҳаммияти хоса касб кардааст. Аз ҳодисаву рӯйдодҳои чанд соли гузашта, бахусус моҳҳои охир маълум мегардад, ки бар асари буҳронҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷиҳати аз нав тақсим кардани ҷаҳон, инчунин, шиддат гирифтани низоъҳои диниву мазҳабӣ дар чандин кишварҳои исломӣ, амалҳои даҳшатбори террористӣ дар як қатор минтақаву кишварҳои сайёра вазъи ҷаҳони муосир боз ҳам мураккабу ҳассос гардидааст.
Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одамон ба ҳалокат расида, оромиву осудагӣ дар аксари мамлакатҳо халалдор гардидааст.

Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем.

Сулҳ ба ҳайси бузургтарин сармояи маънавии инсоният шароит ва имкон фароҳам меорад, ки аҳли башар бо ҳам дӯстона зиндагӣ кунанд ва барои худ муҳити орому осоишта бунёд намоянд.

Бовар дорам, ки омӯзгорони муҳтарам моҳияти ин арзиши бебаҳо -сулҳу осоишро ба шогирдон дуруст шарҳ дода, аҳаммияти онро, бахусус, дар шароити имрӯза возеҳу равшан тавзеҳ менамоянд.

Дар ин лаҳзаҳо бахусус, ба ҷавонони даврони истиқлолият муроҷиат карда, таъкид намуданием, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо - сулҳу суботи пойдор расанд, зиёдаравӣ накарда, шукронаи Ватанро ба ҷо оранд, ба қадри ҳар ваҷаб хоки муқаддаси сарзамин расида, танҳо дар доираи қонун зиндагиву фаъолият кунанд, сатҳи саводу дониш ва ҷаҳонбинии худро баланд бардошта, Тоҷикистони маҳбубро бо тамоми муқаддасоташ ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди мардуми шарафманди мо маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда бояд шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонони моро ҳушёр созанд, ки ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шомил нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд ва Ватани азизамонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд. Вале мутаассифона, ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи террористиву экстремистӣ ҳамроҳ шудани иддае аз ҷавонон ва фирефтаи таъсири исломи радикалӣ ва тундрав гардидани қисми дигари онҳо боиси ташвиш мебошад.

Дар Паём омадааст, ки “Мо заҳмати устодону омӯзгоронро  ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ... Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеч гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.” Танҳо серталабӣ, донишҳои замонавӣ ва гуфтору рафтори шоиста омӯзгорро ба ин дараҷа мерасонад.

Омӯзгори имрӯза барои расидан ба ин ҳадаф қодир аст, зеро барояш тамоми шароит муҳайё гардидааст.
Ҳоло омӯзгорон ба воситаҳои таълим таъмин буда, аз технологияи муосир ва усулҳои фаъол самаранок истифода менамоянд ва барои ба шогирдон беҳтар пешниҳод кардани доираи маълумот ҳамаи имконоти заруриро доранд.
Танҳо ташаббус, интихоби дурусти усули таълим, истифода аз аёният, озмоишгоҳҳои фанниву тахассусӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ боиси беҳтар шудани сатҳу сифати таълим дар муассисаи таълимӣ мегардад.

Бо дастгирӣ  ва  кўмаки ҳамарўзаи Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон   маблағгузорӣ ба соҳаи маориф  аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сармояҳои  хориҷӣ  сол то сол меафзояд, заминаи  моддию  техникии  муассисаҳои  таълимӣ  таҳким  меёбад.

      Чуноне  ки  аз  суханрониҳои  Пешвои  муаззами  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  бармеояд,  Тоҷикистон аз  рўи  нишондиҳандаҳои   дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи  инсонӣ  ва қобилияти рақобати он  дар байни 101  кишвари ҷаҳон мақоми 54-умро  соҳиб  гардидааст. Ин барои Тоҷикистони соҳибистиқлолу  тозаистиқлол нишондиҳандаи хеле  баланд  аст. Дар баробари ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ  кўшиш  менамояд,  ки  нишондиҳандаҳои аз  ин  ҳам  баландтарро  соҳиб  гардад.

Бовар дорам, ки омӯзгорони мо ҳамчун зиёиёни пешқадами кишвар аз ҳамаи ин имконот истифода карда, барои тарбияи фарзандони халқ софдилонаю поквиҷдонона хидмат менамоянд. Дар низоми таҳсил омӯзгор дар фаъолияти худ ба ҷузъҳои маърифат- таълим ва тарбия бояд баробар таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Ҳар ду унсур барои ба воя расонидани инсони соҳибхирад зарур буда, онҳо якдигарро такмил медиҳанд ва ба ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмии шогирд баробар хизмат менамоянд. Бояд гуфт, ки бе пояи маънавии устувор ҷомеаро пеш бурдан мушкил мебошад. Аз ин рӯ, дар қалбу зеҳни кӯдакон ва наврасону ҷавонон тарбия намудани ҳисси инсондӯстӣ ва завқи зебоипарастӣ вазифаи ҷонии ҳар як омӯзгор ва устод ба шумор меравад.

Бовар дорам, ки устодону шогирдон, роҳбарон ва масъулони соҳаи маориф дар асоси талаботи имрӯза корро дар соли нави таҳсил бо усулҳои наву муосир ба роҳ монда, дар ташаккули насли даврони истиқлолият, тафаккури шахсияти оянда ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд ва сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот беҳтар мегардонанд.

Бигзор ба шарофати истиқлолият соҳаи аз ҳама муҳими кишвар – илму маориф рушд намояд ва барои Ватани маҳбубу соҳибистиқлоламон насли сазовору арзандаро ба воя расонад.

Фазои таҳсилоти  ноҳия бо оҳанги хотироти омўзгорону  алоқамандони маориф 28 соли Истиқлолиятро ҳамоҳанг мегардад. Ин  ҳамоҳангиро ба  ҳамаатон  муборак  гуфта, умедворӣ ба  он  мебандем, ки Шумо  омўзгорони ноҳия аз иқдомҳои навбатии   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҷиҳати омодагиҳо  ба  таҷлили  иди  миллиамон - 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи 9 сентябри соли 2021  муайян  гардидааст,  истиқбол намуда, дар тарбияи шогирдони забондону суханвар, китобдўст, ватандўсту  худшинос  саҳми бештар мегузоред.

Пояндаву ҷовидон бод, номи пуршарафи муаллим, омӯзгор ва устод!

Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил муборак бошад!

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.