Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Машварати судманд

Чанде пеш тибқи нақшаи кории шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия семинари машваратӣ бо иштироки мутахассисони кор бо кадрҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ва сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.
Семинари машваратиро сардори шуъба Сайдакобир Бодомов ҳусни ифтитоҳ бахшида, оиди масъалаҳои ташкили меҳнат ва пардохти музди маош ба ҳозирин ба таври муффасал маълумот дода, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Мавзӯи асосии машварат оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.04.2009, № 205 «Дар бораи тасдиқи “Қоидаҳои аз ҷониби корфармоён пешниҳод намудани маълумот дар бораи мавҷуд будани ҷойҳои кори ишғолнагардида ва вазифаҳои озод ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ”, расонидани муҳтавои талаботи Боби 15-и (моддаҳои 207-214) Кодекси мењнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати «Хусусияти танзими меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида», боби 31-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба шартномаҳои коллективӣ" (моддаҳои 306 то 311) ва боби 32-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Назорат ва бақайдгирии созишнома ва шартномаҳои коллективӣ» (модаҳои 314 то 316), расонидани муҳтавои фармоиши муштарак «Дар бораи тасдиқи Дастурамали тавсиявӣ оид ба тартиби ҳисобу пардохти музди меҳнати иловагӣ (иловапулиҳо) барои кори шабона, изофакорӣ дар рӯзҳои истироҳат ва ид» ва ниҳоят мазмуни боби 3-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки “Дар бораи шартномаи меҳнатӣ” иборат буданд.
Иштирокчиёни ин чорабинии судманд дар бораи масъалаҳои иброзшуда маълумоти бештар гирифтанд.


Анвар ИБРОҲИМОВ

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.