Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Рӯзгоре барои ибрат

 

МАҲСУДДИН УМАРОВ

Хонандагони азизу гиромӣ, мо тасмим гирифтем, ки дар ҳар як  шумораи рўзнома дар бораи мардони сарбаланд, ташаббускор, ғайратманди ноҳия, ки умри бобаракати хешро сарфи хизмати мардум карда, дар ободиву гул-гулшукуфии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия заҳмати гароне ба харҷ додаанд, чанд гуфтание бароятон биёрем. Ёд кардани онҳову ба насли имрўзаю оянда шинос намудани ин ҷавонмардони асилу ватандўст, рисолати имрўзиён аст ба фардоиён.

Инак, маводи нахустин оиди яке аз аввалин мардони сарбаланди ноҳия.

Вақте ки сафҳаи таърихи ноҳияро варақгардон мекунем, чашмамон ба ному насаби мардоне меафтад, ки онҳо барои ободӣ, бунёдкорӣ, гул-гулшукуфии ин ноҳияи навбунёд хизмати арзанда кардаанд ва номашон аз лавҳи хотираҳои имрўзиёну фардоиён ҳаргиз фаромўш намешавад. Яке аз чунин ҷавонмардони соҳиби қалби бузург, ғайрати худодод ва роҳбари амалигардонандаи армонҳои мардум ин Маҳсуддин Умаров буд.

Ў марди соҳиби заковати олӣ ва роҳбари соҳибтаҷрибае буд. Маҳсуддин Умаров соли 1935 дар деҳаи Врешгаи ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Моҳи майи соли 1950 ба ноҳияи «Чўбек» (баъдтар Москва, ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) кўчонда шудаанд. Баъди хатми синфи 7-ум дар бригада ҳисобчӣ шуд. Соли 1953 ба техникуми молияи шаҳри Душанбе дохил шуда, онро аъло ба итмом расондааст. Ба ноҳия омада, дар идораи омор кор кардааст. Соли 1961 ҷонишини якуми раиси кумитаи иҷроия таъин шудааст. Баъдтар бо хоҳиши худаш сардори ПМК-44 – и Вазорати хоҷагии об, сипас раиси раёсати хоҷагии «Дружба» таъин шуд. Бо ташаббуси ў дар ин хоҷагӣ даҳҳо бошишгоҳҳои замонавӣ қомат афрохта, чандин километр роҳҳои дохили хоҷагӣ мумфарш карда шуданд. Маҳсуддин Умаровро бо хоҳиши худаш ба идораи абрешимчигии ноҳия ба кор гузарониданд. Дар давраи роҳбарии ин идора буданаш соҳаи пиллакорӣ дар ноҳия ривоҷу равнақ ёфта, соле даҳҳо тонна пиллаи аълосифат ба давлат месупориданд.

Риштаи ин марди меҳнатӣ, роҳбари ташаббускору ғайратманд 5 октябри соли 2005, дар синни 70 солагиаш канда шуд.

Маҳсуддин Умаров то охири умраш дар хизмати халқи сарбаланди Ватани азизи худ буду дар қалби саршор аз меҳру муҳаббати ин халқ абадан боқӣ мондааст. Шояд устод Назар Халил ба чунин ҷавонмардони сарусупурдаи миллат гуфта бошад:

Мо, ки фардо тарки ин дорулфано хоҳем кард,

Дар замири зиндагон бояд бимонем ошён.

Бале, то он даме, ки ин Ватану ин миллати сарбаланд барҷост, чунин мардон дар радифи моанд.

Абдҳалим Салимзода

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.