Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Афтодагӣ омӯз агар толиби файзӣ

Рӯзҳои 29-30 августи соли ҷорӣ тибқи нақшаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои амри раиси вилояти Хатлон ва амри раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар бораи "Машқҳои мукаммали мудофиаи гражданӣ" дар ҳудуди деҳоти ба номи С. Турдиев (деҳаҳои Сомониён ва Сайёд) баргузор гардид. Ҳадафи асосии баргузории чорабинии фавқуззикр аз маҳалли хавфи офатҳои табиӣ қарордошта кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойи бехавф ва таъмини ҳаёти осоишта ба онҳо иборат буд. Ҳангоми гузаронидани машқҳои мукаммал, ҳиссаи хадамоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, энергетикӣ, савдо ва озуқа, нақлиёт ва роҳ, оташнишонӣ, коммуналӣ, тиббӣ ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия назаррас буд.
Барои иштироки фаъолонаашон роҳбарони як қатор хадамотҳои зикршуда бо "Сипоснома"-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон мукофотонида шуданд.
Сайидамир ВАЛИЗОДА

 

 

  

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.