Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Бегоҳи имрӯз (30.08.2019) ҷаласаи назди раиси ноҳия "Оид ба рафти омодагӣ ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид. Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 30--солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 196 иншоотҳо дар назар аст. Фақат то ҷашни Рӯзи истиқлолият супоридани зиёда аз 30 иншоот дар назар аст. Раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода вобаста ба ин, ҳисоботи муовинони раис С.Тағаймуродзода, Н. Сафарзодаро шунида, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдорро ҷиҳати дар сатҳи баланд ва хотирмон гузаронидани Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар яке аз рӯзҳои 2-юм то 6-уми сентябр вазифадор намуд. Алалхусус, гузаронидани чорабиниҳои тозаю озодагардонии кӯчаву роҳравҳо, насби парчамҳои ороишӣ, шиору навиштаҷотҳои мувофиқ дар рӯзҳои боқимонда то ид таъкид карда шуд.
- Тамоми дастовардҳои даврони истиқлол ба намоиш гузошта шавад, - таъкид намуданд Бозоралӣ Одиназода.
САЙИДАМИР ВАЛИЗОДА 

 

  

 

   

 

  

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.