Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАНТАНАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

Дирӯз (04.09.2019) дар Ҷамоатҳои деҳоти ба номи С. Турдиев ва Чубек як зумра иншоотҳои муҳимми ҳаётӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, сокинони деҳаи навбунёди Боғистон ба роҳи калон баромадан роҳ надоштанд. Мебоист ба болои дарёчаи шафати деҳа пули пиёдарав месохтанд. Ин амали некро соҳибкори маҳаллӣ Ҳасанов Давлат анҷом дод. Ҳамчунин, дар деҳаи Обшорон соҳибкори Имомов Сорбон мағозаи фурӯши маводи ғизоӣ кушода, мушкили сокинонро, ки аз маркази ноҳия харид мекарданд, осон намуд.
Дар деҳаи Меҳрвари деҳоти Чубек ду мағозаи фурӯши маводи ғизоӣ ва молҳои омехта, дорухона бо саҳми соҳибкорон Ботуров Асомудин, Собиров Асомудин ва трансформатори иқтидораш 400/10 кВа бо ташаббуси соҳибкор Саймуродов Улуғбек ба истифода дода шуд.
Дар хурсандии мардум раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода, роҳбарони ҳарду ҷамоат бо фаъолони маҳал иштирок ва суханронӣ карда, мардумро бо ҷашни Истиқлоли давлатии кишвари азизамон табрик намуданд.
САЙИДАМИР ВАЛИЗОДА

 

  

 

  

 

  

 

  

 

  

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.