Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Истиқлолият рамзи гӯёи озодии миллат ва кишвар аст!

Имрӯз (06.09.2019) бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фароғатию фарҳангии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ намоиши идона ва консерт таҷлил гардид, ки дар он раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мирзохон, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони сохторҳои қудратӣ дар ноҳия, собиқадорони меҳнат, кормандони ҳамаи корхонаву идораҳо ва сокинони ноҳия иштирок карданд.
Нахуст меҳмонон аз дастоварҳои мардум натиҷаи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дидан намуда, ба фаъолияти беҳтарин ҳунармандон баҳои баланд доданд.
Сипас раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ба сухан баромада, ҳозирин ва тамоми мардуми ноҳияро бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд:
- Мо бо ҷидду ҷаҳди худ тавонистем баъди садсолаҳо суннатҳои аҷдодии хешро эҳё карда, тавассути онҳо ба бунёдкорӣ, ба таълиму тарбияи насли ояндасоз роҳи васеъ кушодем, - гуфт ҳини суханрониаш раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, инчунин шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвар имрӯз ифтихор доранд, ки бисту ҳашт сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати истиқлол соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардиданд. Зиёдтар аз он чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карданд : «Истиқлолият рамзи гӯёи озодии миллат ва кишвар аст.»
Воқеан, чунин аст, зеро, зиндагиро бидуни Истиқлолият тасаввур кардан имконнопазир аст. Вобаста ба ин ҳамаи шумо шаҳрвандони даврони Истиқлолиятро бо соҳиб будани чунин неъмати бебаҳо муборакбод мегӯям!” - гуфт Бозоралӣ дар фуроварди суханрониаш.
Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалӣ оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуда зикр кард, ки: “Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиву дастовардҳои назаррас ва
бесобиқа шарафёб гардад.
Дар анҷоми суханрониаш Комил Мирзоалӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро бо 28 -умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо хонаободӣ, саломатӣ ва саодати рӯзгорро таманно намуданд
Баъдан,намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мирзохон Гулмаҳмадзода ба сухан баромада, атрофи Истиқлолият ва дастовардҳои 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда аз ҷумла гуфт: Мо бояд дарк намоем, ки Истиқлол вллотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар давоми 10 асри охир мебошад.
Истиқлолият ин нишони ҳуввият таҳкими давлатдорӣ, бузургтарин неъмат, бошукӯҳтарин ҷашни миллат, сарчашмаи ифтихори ҳар шаҳрванд, заминасози рушду такомул ва пойдевори қавии Ваҳдату ягонагӣ мебошад”. Инчунин Мирзохон Гулмаҳмадзода табрикоти раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзодаро ба самъи ҳозирин расонида, мардуми ноҳияро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ҳамроҳ бо меҳмонони олиқадр, як қатор шахсиятҳои фаъоли идораву корхонаҳои ноҳия ва собиқадорони меҳнатро барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои арзандаи меҳнатиашон бо медалу ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардониданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ҳунармандони Фидармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов бо суруду таронаҳои дилнишини рӯҳияи Ватану ватандорӣ, сулҳу Ваҳдат ва орзӯю ормонҳои мардумро ифодакунанда, табъи иштирокчиёнро болида гардониданд.
САЙИДАМИР ВАЛИЗОДА

 

 

 

  

 

   

 

    

 

   

 

   

 

   

 

   

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.