Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - КОР ОН КАРД, КИ ТАМОМ КАРД


Ҳамин рӯз (06.09.2019), баъди тантанаи ҷашни Истиқлол меҳмонон нахуст дар шаҳраки Москва Маркази хизматрасониҳо, ки бо саҳми соҳибкор Давлат Раҳимов сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Туғули Ҷамоати деҳоти Чӯбек, ки бо кӯшиши соҳибкор Аҳтам Файзов сохта шудааст, аз мағозаи молҳои омехта, қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ва мемонхона иборат аст.
Сипас, меҳмонон дар деҳаи Иқболи Ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиев аз корхонаи банду басти ҷӯроб дидан карданд. Мавриди истифода қарор додани ин корхона боис шуд, ки 20 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷои кор шаванд.
Диққати меҳмононро Комплекси маркази хизматрасонии «Даҳбед» дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигуло, ки бо ибтикори соҳибкор Наимов Маҳмадназар бунёд шудааст, ҷалб намуд. Маҷмааи мазукр аз ҷойи мошиншӯӣ, нуқтаи хизматрасонии Амонатбонк, устохонаи мебелсозӣ, мағозаи молҳои хоҷагӣ, кошонаи ҳусн, маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, дӯкони хизматрасониҳои компютерӣ ва толори саққобозӣ иборат мебошад. Дар ин маҷмаа 22 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.
Майдончаи варзишӣ дар деҳоти Меҳнатобод дар ҷойи васеъ барои бачаҳо низ мавриди бахрабардорӣ қарор дода шуд.
Бо иштироки меҳмонон дар деҳоти «Қаҳрамон» 2,2км роҳи мумфаршшуда, ки бо дастгирии соҳибкор Бурихон Саидов ба анҷом расидааст; купруки байни деҳоти Пушкин ва Дараи Калот, ки бо дастгирии соҳибкор Ҷиёнхон Мирзоев сохта шудааст; насби зербарқи 400/10 КВа бо кашидани хатҳои барқ, ки бо кӯмаку дастгирии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» шинонда шудаанд ва корхонаи шарбатбарорӣ дар деҳаи Марғоб бо саҳми соҳибкор Асад Абдуллоев бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
САЙИДАМИР ВАЛИЗОДА

 

  

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.