Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - АГАР ОҚИЛӢ ЯК ИШОРАТ БАС АСТ


Чун анъана шанбеи ҳар ҳафта қабули шаҳрвандон аз ҷониби шахсан раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода мегузарад. То вақти муайяншуда сабти номи корафтодагон мегузарад.
- Наход ҳамагӣ 3 нафар бошанд? - пурсид раис аз корманди шуъбаи умумӣ маънидорона.
- Ҳамагӣ 5 нафар буданд, кори 2 нафарашон то омадани Шумо, муҳтарам раис, иҷро шуд. Барои ҳамин даромадан ба қабулро барои худашон эб надиданд.
- Кош ҳамеша то оғози қабули шаҳрвандон корҳояшон ба итмом бирасад, - гуфт раис бо табассум.
Қабули шаҳрвандон ба охир расид, вале раис ба ҳуҷраи дигар гузашта, барои кори зане, ки ду маротиба барои эҳтиёҷе меомад, ба муовинаш супориши қатъӣ дод. Ҳамин ҳангом аз хаёли раис беихтиёр ин байт гузашт:
Агар оқилӣ як ишорат бас аст,
Аз ин беҳ насиҳат нагӯяд касат.
Оре, имрӯз, воқеан табъи раис болида буд, зеро дирӯз тантанаи Истиқлоли давлатӣ дар сатҳи баланд гузашт, қабули шаҳрвандон бо ризоияи корафтодагон анҷомид, акнун ба вусъати рафти ғунучини ҳосили фаровони пахта шурӯъ намудан лозим . . .
САЙИДАМИР ВАЛИЗОДА

 

    

    

 

  

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.