Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - АЗ ГУФТАНИ ҲАЛВО НАШАВӢ ШИРИНКОМ


Нахуст раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода дар ҷамъомади назоратӣ аз чорабинии ноҳиявӣ оид ба тантанаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон натиҷагирӣ намуда, нисбати ашхоси каммасъулият эродҳо гирифта, оид ба такрор нашудани хурдтарин ҷузъияти меҳмоннавозӣ таъкид карданд.
Сипас масъалаҳои ҳолати иҷрои нақшаи пардохти маблағҳои андоз барои моҳи сентябр, дар самти кишоварзӣ :
- ҷалби хоҷагиҳо барои сари вақт ҷамъоварӣ гардидани ҳосили пахта ва фаъолияти агробригадаҳо дар кори баҳисобгирии ҳосил дар хоҷагиҳои деҳқонӣ;
- вусъат додани кишти пиёз аз рӯи дурнамои тасдиқгардида, пешниҳоди маълумоти аниқ дар бораи рафти омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимтстони солҳои 2019-2020, омода намудани фермаю кашарҳо ба давраи зимистон, аз ҷумла коркарди кимиёвии биноҳои фермаю кашарҳо, пешниҳоди санади қабули иншоотҳои ҷашние, ки дар арафаи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, пешниҳоди маълумот дар бораи рафти иҷрои Барномаҳои давлатӣ дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ то 23 сентябри соли ҷорӣ, иҷрои супориш дар бораи пешниҳоди рӯйхати даъватшавандаҳо маҳал ба маҳал, пешниҳоди маълумот дар бораи рафти таъмири бинои беморхонаи деҳаи Файзобод, омода ва пешниҳод намудани маводҳои иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар поёни ҷамъомад ҳамаи роҳбарони идора, ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати иҷрои Барномаҳои соҳавӣ вазифадор гардиданд.
Макркази матбуоти раиси ноҳия 

 

  

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.