Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2018

         Дар мақомоти иҷроияи ҳокимтяти давлатии ноҳия ҷаласа марбут ба чамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2018 доир гардид. Дар ҷамъомад муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, дастгоҳи раиси ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо ширкат доштанд.

        Дар ҷамъомад муовини якуми раиси ноҳия Холиқов А.Б оид ба тарақиёти иқтисодию иҷтимолии ноҳия тайи семоҳаи якуми соли 2018 маърӯза кард.Таҳлили фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия нишон дод, ки дар колективҳои меҳнатӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷгии халқ пешравиҳо ба амал омаданд.

        Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 18,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 99,6 фоизи онро бахши чорводорӣ ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 миллион 062,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад ба 16,3 миллион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113 фоизро ташкил дод.

         Дар давраи сипаришуда, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 100,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 5 миллиону 424 ҳазору 625 сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақша 39 ҳазору 523 сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 570,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 

         Дар охир, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат доир ба натиҷаҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар семоҳаи соли ҷорӣ ибрози назар намуда, ба раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар давоми семоҳа фаъолиятро хуб ба роҳ монда ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардиданд, изҳори ташаккур намуд.

         Дар ҷамъомад намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ризоев Абдурозиқ Шарифович иштирок дошт ва суханронӣ намуд.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ