Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ДАР ПАҲЛУИ ДЕҲҚОНОН


Субҳи барвақти рӯзи истироҳатӣ (6.10.2019), новобаста ба вазъи боронии ҳаво дар баъзе деҳоти ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия ва ҳайати омӯзгорони мактабҳои рақами 12 ва 40 аз деҳоти "Қаҳрамон" бо роҳбарии роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Юсуфҷон Сафаров дар пахтазори хоҷагии деҳқонии "Абдураҳмонҷон"-и деҳоти "Қаҳрамон" машғули пахтачинӣ буданд.
Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз ноҳияҳои пешқадами пахтакорӣ маҳсуб меёбад. Номи беҳтарин пахтакорони ин ноҳия Устодони пахта - Мурод Раҳим, Раҳмат Исматов, Мурод Бозоров, Кулӯх Бодомов, Гулмаст Худоёрова, Абдулхайр Каттаев, Толиб Роибов, Гавҳарбӣ Валиева ва садҳои дигаронро метавон ном гирифт, ки аз ёдҳо фаромӯш нахоҳанд шуд.
Имрӯз бо тағйир ёфтани ҳолати мелиоративии заминҳо, вазъи экологӣ ва дигар омилҳои таъсирпазир деҳқонони ноҳия барои фаровонҳосилӣ ва сари вақт ғундоштани ҳосили бо ранҷ парваридаи марди деҳқон ҳич кас дар канор намемонанд.
Бояд зикр намуд, ки деҳқонон - пахтакорони ноҳия имсол дар майдони 5606 гектар пахта кишт намуда, ният доранд, ки тибқи нақшаи дурнамо 12 656 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.
-Новобаста ба тағйирёбии иқлим, ки тайи ду соли охир ба қайд гирифта шудааст, ҳосили дастранҷи деҳқонон бад нест, - мегӯяд Маҳдӣ Орифзода, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия ва илова мекунад, ки деҳқононе, ки аввалин шуда кишти пахтаро гузаронида буданд, аз ду чинаки пахта аллакай 25-27 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд.
Ҷидду ҷаҳди пахтакорон дар чанд рӯзи охир сабаб шуд, ки ноҳия дар ҷадвали пахтасупорӣ ду нуқта боло равад. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1069,6 тонна пахта зиёдтар чинда, ба нуқтаҳои қабул супоридаанд. Умед аст, ки то кӯраки охирин ҳосилро ҷамъоварӣ намуда, дар иҷрои нақшаи вилоят саҳм мегиранд.
Дар расм: Юсуфҷон Сафаров, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, Зафархон Қиматов, мудири шуъбаи умумӣ ва назорат ва дигар кормандон дар пахтазори хоҷагии деҳқонии "Абдураҳмонҷон"-и деҳоти "Қаҳрамон".
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.