Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БИСЁР САФАР БОЯД, ТО ПУХТА ШАВАД ХОМЕ

      Гурӯҳи эҷодии Идораи телевизион ва радиои ТВ Хатлон дар ҳайати журналистон Муҳаммадҷон Ҳаитов, Қурбонова Дилафрӯз, наворбардорон Мансур Ҷалилов ва Абдуқаҳҳор Одинаев барои сабти пурраи барномаи сайёҳии "Сайри Хатлон" рӯзҳои 4-5 октябр меҳмони ноҳияамон буданд. Ҳадафи ин гурӯҳ инъикоси инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо, бозори марказӣ, боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, маконҳои таърихӣ, соҳаи фарҳанг, осорхона, хизматрасонӣ, ҳунарҳои мардумӣ (чакан, зардӯзӣ, курпачадӯзӣ), чароғонкунии шабона дар роҳҳои марказии шаҳраку ноҳия, маконҳои истироҳатӣ, варзишгоҳҳои хурд ва дигар маконҳо, ки ба самти сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ марбутанд, ба ҳисоб меравад.
Баъди қабул дар ҳузури раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода барои амалӣ намудани ҳадафи фавқуззикр чанд нафарро масъул гардониданд.
Нахуст аз осорхона, боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, беморхонаи марказӣ, азназаргузаронии нуқтаҳои муайян ҷиҳати намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, баъди шом чароғонкунии шаҳраки Москва, сипас аз маконҳои таърихиву меҳмонхона ва тарабхонаҳо дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки айни замон дар ноҳия марҳилаи аввали амалӣ намудани рушди сайёҳӣ ҷамъбаст гардида, марҳилаи дуюм оғоз гардидааст. Яъне муайян намудани маконҳои таърихӣ, ки барои сайёҳони дохилию хориҷӣ пешбинӣ шудаанд ва тайёр кардани роҳнамои сайёҳӣ иҷро шудааст. Марҳилаи навбатии ин корҳо тахту ҳамвор намудани роҳҳо то назди мавзеъҳои таърихӣ, муайян намудани сайрхатҳо, сохтмони ҳоҷатхонаҳои намунавӣ дар ин самтҳо барин амалҳои дигарро мебояд ба анҷом расонд.
Ҳайати эҷодии Идораи телевизион ва радиои ТВ Хатлон мутмаин гардиданд, ки роҳбарияти ноҳия ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нисбати амалӣ гардонидани ҳадафи "Солҳои 2019-2021 "Соли рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ" як қатор корҳои муҳимро ба анҷом расонидаанд.
Ҳини хайрухуш ҳайати эҷодӣ аз фаъолияти дурӯзаи худ қаноатманд буданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

  

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.