Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МО БА Ӯ МӮҲТОҶ БУДЕМ, Ӯ БА МО МУШТОҚ БУД (ҲОФИЗ)

Имрӯз - 5 октябр дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба "Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Рӯзи омӯзгорон" баргузор гардид.
Баъди сароидани Суруди миллӣ раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода дар мавзӯи "Забон - ҳастии миллат" баромад намуд. Аз ҷумла чунин гуфт: "Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини олам ба шумор рафта, мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, адабию илмӣ умри беш аз сеҳазорсола дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давоми мавҷудияти хеш забони тоҷикӣ миёни дигар забонҳо озмоишҳои зиёду сангинеро аз сар гузаронида, то имрўз побарҷо мондааст.
Забони точикӣ дар замони давлатдории сулолаҳои Тоҳириён, Саффориён ва баъдан дар даврони Сомониён мақоми шоистае касб карда, ҳамчун забони илмию адабӣ ва расмию коргузории вазоратҳо мавриди истифода қарор дошт. Бо забони шевои тоҷикӣ китобу асарҳои илмӣ, бадеӣ ва таърихӣ таълиф меёфтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаҳон мисли забони тоҷикӣ дигар забонеро ёфтан душвор аст, ки бо гузашти беш аз ҳазор сол онро бе ягон душворӣ фаҳмида тавонӣ. Ва ҳар як фарди тоҷики худшинос ифтихор аз он мекунад, ки чунин забони шево ва ғановатманд дорад ва бо ин забони ноб сухан мекунад...".
Сипас, шоири номдор, узви итттифоқи нависандагони кишвар, дорандаи ҷоизаҳои соҳаи адабиёт ба номи Мирзо Турсунзода ва Шамсиддин Шоҳин Алимуҳаммад Муродӣ баромад намуда, дар бораи мушкилиҳои сунъӣ ва монеҳои мақсаднок дар роҳи боздошти рушди забони тоҷикӣ то давраи истиқлоли кишвар сухан гуфт. Аз чорабинии сатҳи ҷумҳурӣ, рӯзи 4 октябр, ки бо ташаббусу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, ёдовар шуда, саҳми бузурги Пешво ва Роҳбари тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд намуд.
- Ҳар як нишондод ва таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як тоҷик бояд дастури амал бошад ва бовар дорам, ки ҳаст, - гуфт дар идомаи суҳбат Алимуҳаммад Муродӣ ва ба ҳозирин пеш аз ҳама зодрӯзи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рӯзи забон ва Иди касбии омӯзгоронро муборакбод гуфт.
Дар рафти чорабинӣ ба як қатор омӯзгорон ва алоқамандони соҳаи маориф Ифтихорномаю Сипосномаҳо супорида шуд.
Қисмати дуюми чорабинӣ базми ҳайати ҳунарии Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов хотири иштирокдоронро болида гардонд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

  

 

  

 

  

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.