Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ДАР ҲИФЗИ ОБРӮ ЗИ ГУҲАР БОШ САХТТАР


Субҳи имрӯз Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид. Дар маҷлис асосан масъала "Оид ба рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва баргузор намудани конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ, тасдиқи ҷадвали баргузории маҷлисҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия аз 8 октябр то 7 ноябри соли 2019, ҳамзамон гузаронидани конференсияи ҳизбӣ дар ноҳия санаи 21 ноябри соли 2019 таҳлилу баррасӣ гардид. Дар маҷлис аъзоёни Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҲХДТ дар ноҳия ва меҳмонон иштирок доштанд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ғаффорзода Давлатҷон Саттор баромад карда, аз ҷумла дар бораи омодагӣ ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси маҳалии вакилони халқ дар ноҳия сухан кард. Аз ҷумла, дар бораи гузаронидани аксияҳои КИ ҲХДТ дар ноҳия бо мардуми ноҳия, аъзоён ва фаъолони ҳизб зери унвони "Якҷоя ҳал мекунем", чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин корҳои ободонию созандагӣ бо роҳнамоии фаъолони ҳизб, ки дар ҳудуди ноҳия гузаронида шуданд, қайд гардид.
Сипас, аъзои КИ ХҲДТ дар ноҳия ва вилоят, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат баромад намуда, нисбати шаффофу намуна ташкил кардану гузаронидани интихоботи вакилонро ба МН МО ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, пешниҳоди беҳтарин фарзандони миллатро аз ҷумлаи ҷавонон, бахусус ҷавондухтароне, ки тибқи квотаи президентӣ мактабҳои олиро хатм намудаанду дар ҳудуди ноҳия кору фаъолият мекунанд, махсус қайд намуданд. Дар бораи сохтмони бинои дуқабатаи зебои кории ҲХДТ-и ноҳия, ки сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист, сухан карда, фаъолон ва аъзоёни фаъоли ҳизбро барои дастгирӣ дар корҳои минбаъдаи сохтмонӣ даъват намуданд.
Ҷамъомад аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.