Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Махлут сохтани забон низ гуноҳ аст

            Тавре аз таърихи халқамон медонем, ҳастии миллат-забони ў чандин маротиба зери хатар мондаву дар остонаи  нестшавӣ қарор гирифтааст. Аммо ҳар дафъа модари тоҷик фарзандонеро ба дунё, бар арсаи набардҳо барои мавҷудияту ҳувияти миллат, эҳёву нигоҳдории арзишҳои фарҳангиаш ба дунё овард, ки онҳо тавонистанд ин муқаддасоти миллии хешро ҳифз намоянд ва ба имрўзиёну ояндагон ба мерос гузоранд. Дар давоми ҳукмронии халифаҳои Араб, давраҳои баъди таназзули давлатдории тоҷикон, ки ҳокимият дар дасти бегонагон буд, фарзандони бонангу номуси миллат тавонистанд, ки на танҳо забони модарии хешро ҳифз кунанд, балки мартабаи онро ба сатҳи ҷаҳонӣ бароранд. Беш аз ду аср забони давлатии арманҳо ва беш аз 600 сол забони давлатии ҳиндуҳо будани забони тоҷикӣ далел аз қудрат, тавоноӣ ва эҳтиром ба ин забон буд. Забони «аҳли биҳишт», «забони фариштаҳо» эътироф гардидани он аз тарафи ғосибон низ далелест ба қудрату ширинии ин забон. Хатари ҷиддие ба ҳастии ин забон дар даврони Шўравӣ таҳдид мекард, лекин боз фарзандони баномуси миллат ба ҳимояаш баромаданд. Бо исрору пофишории онҳо аз тарафи Шўрои Олии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон 29 июли соли 1989 «Қонуни забон» ба тасвиб расид ва ба забони тоҷикӣ дар қаламрави кишварамон ба таври расмӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Аммо рушду нумўъ, пурра ҷорӣ шудан дар корҳои давлатдорӣ, сиёсӣ ва устувории умумимиллии худро он ба баракати истиқлолияти давлатии кишвар, бо ғамхориву пуштибонии Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёфт. Ва имрўз забони тоҷикӣ ба забони илм табдил ёфта истодааст, ин забон компютерӣ карда шудааст. Дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолият дорад, ки на танҳо рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисторо «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» назорат мекунад, балки он дар амалӣ сохтани сиёсати Ҳукумати кишвар дар масъалаҳои марбут ба забони давлатӣ ягона ниҳоди ҷумҳуриявӣ маҳсуб меёбад, яъне барои танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, назорати иҷрои муқаррароти Қонун ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ масъулияти муҳимро ба уҳда доранд дорад. Ин гуфтаҳо маънои онро доранд, ки бо пуштибонӣ ва ғамхории Пешвои миллат, Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз давлат ва Ҳукумати кишвар барои рушди забони давлатӣ ва таъмини мақоми он дар муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳо андешида, ҳифз ва рушди онро аз вазифаҳои муқаддаси худ меҳисобанд. Акнун имрўз, ки  орзўи чандинасраи гузаштагони мо ҷомаи амал пушидаву забони тоҷикӣ асолати худро соҳиб аст, мо бояд шукронаи ин неъмат бикунем ва чун шири модар пок нигоҳдориаш бинамоем.

           Ҳеҷ вақт мо бояд фаромуш накунем, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ мебошад. Он сарчашмаест, ки моро ба асолати миллатамон мепайвандад. Мо соҳибзабонон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз бикунем ва гиромӣ бидорем. Пеш аз ҳама эҳтиромашро ба ҷо биорем, яъне онро бо калимаву ибораҳои номақбул, бегона, гушхарошу дилхарош олуда насознм ва ҳамон тавре, ки аз даврони Рўдакӣ ба мо ба мерос монд, боз ҳамон тавр софу ширину гуворо ба наслҳои оянда ҷовидон бимонад. «Насли имрўз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ  дошта бошанд» - гуфта буд Пешвои миллат, Президенти мамлакат ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

           Аммо ба чунин муносибат ба забони модарӣ – забони давлатии кишвар чӣ метавон гуфт, хонандаи азиз?! «Панҷо сум платит кардм», «Ту платит мекнӣ ё ма?». «Сумша баъд миёрӣ»… Умуман дар бозор, дар мағозаҳо, дар нақлиёти мусофиркаш ҳангоми муомила номи пулҳои миллӣ  «дирам» ва  «сомонӣ»-ро қариб, ки истифода намебаранд.

           Мо ҳар рўз, дар ҳар ҷо – хоҳ куча бошаду хоҳ бозор, чунин калимаву ибораҳоро аз забони наврасону ҷавонон, ҳатто шахсони ба қавле зандору бачадор мешунавем: «Э, к…тӣ, ма тра се соат ждат дорум», «Э, к…оча, чиба дуруғ мегуй!». Боз дарднок он аст, ки бисёр наврасони синфҳои 8-11 ҳангоми вохурдӣ кардан ё вақти бозиашон якдигарро бо суханҳои ҳақоратомези ба унвони падар, модар, хоҳару апа равонкардашуда  «навозиш» мекунанд ва хурсанд мегардонанд. Мо борҳо шоҳиди гуфтугўи телефонии мард ё зане, ҷавоне ё духтаре шудаем. Чи суханҳои дуруште онҳо бо овози баланд намегўянд. Боре дар шафати чорраҳаи назди бозори марказӣ, ки аз ҳар ҳониб одамони равуокунанда зиёд буданд, шоҳиди он будам, ки ҷавонзане бо телефони мобилиаш касеро ҳақоратҳои қабеҳ карда, ҳатто мегуфт, ки ў кадом ҷойи баданашро бихураду билесад… Бо овози баланде, ки аз масофаи 50-60 метр шунида мешуд.

           Саволе пайдо мешавад, ки чаро чунин аст? Ба андешаи мо, сабаби ҳамаи ин беэҳтиромӣ нисбат ба забони давлатӣ беэътиноии волидайн ва дигар бузургсолорон дар оила, камтаваҷҷуҳии ҷомеа ба ин масъала ва аҳамияти ҷиддӣ надодани омўзгорон дар мактабҳо мебошад. Оё вақте, ки падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда дар оила бо фарзандон бо забони дурушту дағал, бо калимаю ибораҳои бегона омехта кардашуда сухан мекунанд, вақте дар онҳо фаҳмишеро ба мисли яке аз муқаддасоти миллӣ будани забони модарӣ ба вуҷуд оварда наметавонанд, магар метавон ин камбудиҳоро ислоҳ кард? Падару модарон тавонистанд то ҷойе тарси наврасонро аз дузаху қиёмат барои нахондани намозу нагирифтани руза, надонистани сураҳои Қуръон, дигар рафторҳои қабеҳ ва ғайраҳо ба вуҷуд биёранд, вале барои чӣ онҳоро таълим намедиҳанд, ки вайрон кардани забони модарӣ, бо калимаҳои дурушт сухан кардан низ гуноҳ аст, беҳурматист нисбат ба руҳи гузаштагонамон, ки ба мо ин забонро ба мерос ва барои нигоҳдорӣ вогузоштаанд?

           Ё мисоли дигар. Муллоҳо, имомҳо ва дигар шахсони диндор таълим медиҳанд, ки вайрон талаффуз кардани калима, ҳатто ҳарфе  ҳангоми қироати сурае, ояте гуноқи азим аст. Барои чӣ боре намегўянд, ки махлут сохтани забони модарӣ бо калимаҳову ибораҳои ғайр, дурушту ҳақоратомез ва таҳқиркунандаи шахсият, иснодовар низ гуноҳ аст? Охир он бо шири модар якҷо ба забонамон мерасад ва забони модарӣ ғизои руҳӣ ва маънавии мост. Боз ин забони давлати мо, забони дуюми Қуръон аст. Пас, беҳурматӣ ба он ҷоиз аст?!

           Имрўз фурсати он расида, ки ҳар кадоми мо пеш аз ҳама соҳибони ин забон, барои тозаву пок нигоҳ доштани забони давлату миллатамон аз ҳамаи имконоти манфиатбахш истифода бикунем то он абадан асолати азалиаш-ҳастии миллатро таъмин карда тавонад.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ