Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БА ҲАР КАС ҲАР ЧИ БОЯД ДОД, ДОДАНД


Дирӯз, 3 ноябр дар маркази вилоят - шаҳри Бохтар намоиши шолӣ, биринҷ ва фестивали "Оши палав" баргузор гардид. Хоҷагиҳои шолипарварии ҳамаи 25 шаҳру ноҳияи вилоят намунаҳои маҳсулот ва маҳсулоти аз шолӣ омоданамудаашонро ба намоиш гузошта, ошпазҳои беҳтарин ҳунари палавпазиашонро нишон доданд
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва дигар ҳамроҳонашон аз намоиши пешниҳодкардаи иштирокчиёни фестивал дидан карда, дар бораи ҳадафи баргузории фестивал суханронӣ намуданд. Сипас ба иштирокчиёни фестивал барои иштироки фаъолонаашон изҳори қаноатмандӣ намуда, аз маҳорати баланди кишоварзон ва ошпазон баҳои баланд доданд.
Дар охир ғолибони фестивал муайян гардида, қадрдонӣ шуданд. Бо қарори Кумитаи тадорукот оид ба муайян кардани ҷойҳои ифтихорӣ
барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани фестивал - намоиши шолӣ ва биринҷ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳайати ноҳияҳи мо бо Дипломи дараҷаи 2 ва мошинаи ҷомашӯӣ қадрдонӣ гардид.
Дар номинатсияи "Шоликори беҳтарин" мақоми дувуми ин озмун ба Искандар Маҳмадиев - роҳбари хоҷагии деҳқонии "Самар" аз ноҳияамон дода шуд. Ҳамаи ҷоизадорон Сипосномаи раиси вилоят ва соҳиби тӯҳфаҳои молӣ гардиданд.
Ҳамзамон дар гӯшаи дигари майдони Парчами давлатӣ мусобиқаи сабзирезакунӣ гузаронида шуд.
Дар озмуни "Ошпази беҳтарин" озмунҳои "Ошхӯри беҳтарин" ва "Сабзирезакуни беҳтарин" низ ба беҳтаринҳо Сипосномаи раиси вилоят ва мукофотҳои молӣ дода шуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ҳунари ошпазҳо баҳои баланд доданд.
Аз иқрори хабарнигори ТВ
Хатлон Абдурозиқ Азизов: "Ошпаз аз ноҳияи Ҳамадонӣ навъи нави оши палавро бо унвони "Меҳргон" омода карданд, ки хеле ҷолиб буд. Дар ош каду, лубиё ва дигар анвои маҳсулотро изофа доштанд, ки дақиқан рамзи Меҳргони ҳақиқӣ буд."
Пас аз маросими қадрдонии ғолибону фаъолони чорабинии имрӯза барномаи консертии ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилоят ва шаҳри Кӯлоб тақдими иштирокчиён гардид.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

    

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.