Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҲАРЧАНД ҚАДАМ ПЕШ НИҲАМ, БОЗ ПАС АФТАМ


Ҷамъомади назоратии назди раиси ноҳия нахуст аз шиносоии сардори навтаъини ШВКД дар ноҳия подполковники милиса Усмонзода Анис оғоз гашт.
Сипас аз муждаи сазовори ҷойи якум гирифтани пахтакорони ноҳия дар ҷамъбасти даври чоруми мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза, сазовори ҷойи дуюм ва Дипломи дараҷаи 2 ва ҷойҳои намоён гирифтан дар номинатсияҳои намоиши шолӣ, биринҷ ва фестивали "Оши палав" дар шаҳри Бохтар шурӯъ гардид. Раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ба ҳозирин рӯ оварда, нисбати обу ҳавои номусоид барои чидани ҳосили пахта, шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳо таъкид намуда, барои ҳафтаи нав масъалагузорӣ намуданд.
Гарчанде нақшаи ҷамъоварии андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар моҳи октябр ба андозаи 105,2% таъмин гардида, ба ҷойи 3 миллиону 053,3 сомонии пешбинишуда ба.буҷет 3 миллиону 210,9 ҳазор сомонӣ ворид
карда шуд, ки нисбати нақша 157,6 ҳазор сомонӣ зиёд бошад ҳам, барои беҳтар намудани вазъи иқтисодии ноҳия басанда нест.
Раис аз нақшаи номураттаби шуъбаи иҷтимоӣ, маориф, мактаби варзишӣ, осорхона дар давраи таътили тирамоҳӣ сахт интиқод кард.
Ҳамчунин, омодагӣ ҷиҳати ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба рӯзҳои идро таҳлил намуда, аз самти сохтмону саноат сахт интиқод карданд.
Инчунин, таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи китоби ҷашнӣ бахшида ба 70 солагии таъсисёбии ноҳияро таъкид намуданд. Пурзӯр намудани фаъолияти раисони маҳалла, имомхатибон, директорони мактабҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ, таҷлили 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳо ва дар сатҳи ноҳия ва ба ин муносибат назорати овехтани шиору навиштаҷот, байрақчаҳои ороишӣ ва парчамҳо бахшида ба рӯзҳои иди дар пешистода низ ба самъи ҳозирин расонида шуд.
- Дар самтҳои гуногуни кишоварзӣ ифтихор намуда, аз иҷтимоиёту саноату сохтмон ба ҷойи пеш рафтан, ба ақиб қадаммонӣ мушоҳида мешавад, - гуфт Бозоралӣ Одиназода ва барои ислоҳи камбудиҳо супоришҳои мушаххас доданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.