Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - КОНСТИТУТСИЯ - ИФОДАГАРИ МАНФИАТҲОИ ОЛИИ МИЛЛАТУ ВАТАН


         Субҳи имрӯз - 5 октябр дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим зери садои мутантани Суруди миллӣ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода бо сухани табрикӣ баромад намуда, аз ҷумла гуфт, ки "Ҳар як пешрафти ба шарофати амали биступанҷсолаи Конститутсия бадастомада, пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун натиҷаи хирад вв заковати фитрии халқи Тоҷикистон аст. Зеро халқ созандаи таърих ва ҳаёти мустақилонаи ҳар давлат мебошад."
        Сипас, барои таҳкими қонуният, таъмини амнияти шаҳвандон, ҷамъият, давлат ва ҷашни 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори ноҳия Д. Салимзода, раиси суди ноҳия Қурбонзодта Анвар ва сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия А. Сафоев бо Сипосномаи раиси ноҳия қадрдонӣ шуданд.
        Қисмати дуюми чорабиниро дастаи ҳунармандони Филармонияи ба номи Одина Ҳошим бо савту сурудҳои дилнишинашон бахшида ба Ватан, Ваҳдат, сулҳ, дӯстӣ, Конститутсия рангинтар намуданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

 

  

 

 

 

  

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.