Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ

Субҳи имрӯз, 8 ноябр дар толори мактаби рақами 14 тибқи нақшаи Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ оид ба масъалаи баргузории интихоботи дарпешистода бо иштироки коршиносони Комиссияи номбурда баргузор гардид.
Дар кори машварати омӯзишӣ Маҳмудов Изатулло - коршиноси Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳ, Додозода Абдуманон - сардори Раёсати кадр ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нормухаммедов Аблулло Усмонович - ҳуқуқшиноси КМИР ҶТ, Қодиров Далер Сайфуллоевич, коршиноси КМИР ҶТ иштирок ва баромад намуданд. Дар кори семинар кормандони масъул доир ба интихобот, раисон ва котибони комиссияҳои интихоботӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қисмҳои ҳарбии дар ноҳия фаъолиятдошта, даъват шуда буданд.
Муовини раиси ноҳия Санифа Тағаймуродзода ҳозиринро хайрамақдам намуда, риштаи суханро ба меҳмонон доданд.
Роҳбари гурӯҳ Маҳмудов Изатулло машваратро ифтитоҳ намуда, барои тавзеҳ додани тағйиру иловаҳо дар Қонуни конститутсинии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" суханро ба Додозода Абдуманон - сардори Раёсати кадр ва корҳои махсуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доданд. Додозода Абдуманон дар бораи тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муфассал маълумот доданд.
Нормухаммедов Аблулло Усмонович - ҳуқуқшиноси КМИР ҶТ дар бораи Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" маълумот доданд.
Қодиров Далер Сайфуллоевич, коршиноси КМИР ҶТ дар баромадашон дар бораи махсусиятҳои интихоботи вакилон ба маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маълумот доданд.
Бояд гуфт, ки маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва маҷлисҳои ҷамоат маъракаи сиёсӣ буда, то кадом дараҷа мутобиқи нишондоди Қонунҳои конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" гузаронидани он маърифату дониши сиёсии моро инъикос менамояд. Набояд фаромӯш кард, ки кишвари азизи мо - Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, аз ин рӯ, дар риояи қонунгузории интихобот, ҳузури нозирони байналмилалӣ, маҳаллӣ ва дигар меҳмонони фаъолияташон марбут ба интихобот фаъолияти мо бояд намунаи ибрат бошад.
Бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ҳар яки мо дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ ва шаффофу демократӣ гузаштани он мусоидат хоҳем кард.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.