Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Дар арафаи ҷашни "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

     Имрӯз, 15-11-2019 дар арафаи ҷашни "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо роҳбарии раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ва иштироки меҳмонон - муовини раиси КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ҳамзамон муовини роҳбари гурӯҳи корӣ дар таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Қаландаров Усмон Ҳамроевич ва Мирзохон Гулмаҳмадзода, директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб як қатор иншоотҳои ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ гардиданд. Инҳо ба истифода қарор додани 6,8 километр роҳҳои дохили деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, ки бо саҳми соҳибкорон мумфарш шудаанд, бинои дорухона бо саҳми соҳибкор Муҳаммадҷон Ҷурахонов дар ҳудуди 24 м. кв. дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, ки барои 2 нафар ҷойи кор муҳайё намудаанд, мавриди истифодабарӣ додани майдончаи варзишии футболи хурд, бо иқдоми соҳибкор Фарҳоди Абдуназар, дар ҳудуди 200 000 сомонӣ ва бо саҳми соҳибкор Сафаров Машраб бо маблағи 190 000 сомонӣ ҷойи мошиншӯӣ, ки 3 ҷойи кор муҳайё шудааст дар деҳаи Тагноби Ҷамоати деҳоти Даштигуло, инчунин бо ташаббуси соҳибкор Эмомов Раҷабалӣ дар деҳаи Сафедоби Ҷамоати деҳоти Панҷрӯд маркази савдо, аптека, барои 4 нафар ҷойи кор, бо маблағи 100 000 сомонӣ ба истифода дода шуд, ба ҳисоб мераванд
- Ҳамаи ин хурсандӣ, ободӣ ва гулгулшукуфии шаҳраку деҳот самараи Истиқлоли комили кишвар ва кафили ин Истиқлолу Ваҳдат, Ягонагӣ, Озодӣ ва Оромии кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, - қайд намуд раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода
Тантанаҳо фардо низ идома хоҳанд ёфт.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

    

 

   

 

   

 

    

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.