Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Конференсияи 21-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Имрӯз, 15 ноябр дар толори Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим Конференсияи 21-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия баргузор гардид. Баъди анҷоми расмиёти Конференсия аз рӯи мавзӯи асосӣ "Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" дар ноҳия раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Д. Ғаффорзода баромад намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки КИ ХҲДТ дар ноҳия баҳри беҳтар шудани фаъолияти кории иашкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоту муассисаҳо, идораю корхонаҳо ва деҳаю маҳаллаҳо саҳми арзанда гузошта истодаанд...
Аз рӯи мавзӯи рӯзномаи Конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳия раиси комиссия Маҳдӣ Орифзода баромад намуд. Дар баромадашон, аз ҷумла қайд намуданд, ки вазъи молиявии КИ ХҲДТ дар ин давра хуб шуда, КИ аз пардохти ягон намуди андозҳои давлатӣ қарздор нест. Вале мутаассифона аз пардохти ҳаққи 30% - ба КИ ХҲДТ дар вилояти Хатлон қарздор мебошад. Маблағи номбурда дар сохтмони бинои маъмурии КИ ХҲДТ дар ноҳия сарф шудааст.
Дар музокираи масъалаҳои баррасишуда, раиси ташкилоти ибтидоии назди шуъбаи маориф А. Исоев, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар назди Ҷамоати деҳоти Панҷрӯд Файзӣ Раҷабов иштирок намуданд.
Баъди баррасӣ ва муҳокима Конференсияи 21-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия аз рӯи масъалаҳои дар рӯзномабуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Муаррифии ҳайати нави КИ ХҲДТ дар ноҳия аз ҷониби вакили Конференсия Фотима Афзалова қироат карда шуда, бо як овоз тасдиқ гардиданд. Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотӣ низ тасдиқ гардиданд.
Ҳайати вакилон ба Конференсияи вилоятии ҲХДТ дар вилояти Хатлон якдилона интихоб шуданд.
Дар кори Конференсия раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон А. Раҳмонзода ва раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода иштирок ва баромад намуданд.
Конференсияи 21-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия кори худро ба анҷом расонд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

  

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.