Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ПОКБИН АЗ НАЗАРИ ПОК БА МАҚСУД РАСИД

Имрӯз, 16 ноябр дар толори Филармонияи мардумии ба номи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошимов тантанаи "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид. Дар тантана раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода бо сухани табрикотӣ баромад намуд. Аз ҷумла, аз нахустин лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шудаанд. Дар он соатҳои тақдирсоз ҳар сухане, ки аз забони Ӯ садо медод, чун савганд қабул мешуд. Дар он суханҳо ормон, орзу, нангу номус, шаъну шарафи ватандорӣ муҳаббату садоқат ба Ватан изҳор шуда буданд ...
Сипас, муовини аввали раиси вилоят Хайрулло Амонулло табрикоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро қироат намуда, аз ҷумла дар бораи Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби сарнавиштсоз ва оқилонаи вакилони халқ ба вазифаи тақдирсози кишвар- Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсияти барҷастаи таърихи муосири халқу миллати тоҷик - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандорӣ қайд намуданд .
Қисмати бадеии чорабинӣ бахшида ба "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо кӯшиши ҳайати ҳунармандони Филармонияи мардумии ноҳия хотири ҳозиринро шоду мамнун гардонид.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

  

 

  

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.