Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ

       Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 бахшида ба рӯзи Парчами миллӣ чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Чорабиниро директори муассисаи мазкур  М. Ғаффуров кушода,  иштироккунандагони чорабиниро ба ин рӯз табрик намуд. Ҷонишини директор оид ба таълим Салом Саъдуллоев доир ба ин рамзи муқаддаси миллӣ маърӯза намуд.

    Сипас, бо роҳбарии омӯзгори фанни омодагии ҳарбӣ З. Шеров толибилмони синфҳои 9 ва 11 барномаи мукаммал, ки дар васфи Парчами миллӣ бахшида шудааст, пешкаши ҳозирин намуд.

   Дар охир дастаи ҳаваскорони муассиса хотири ҳозиринро бо сурудҳои дар васфи парчами миллӣ шод намуданд.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.