Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАНТАНАИ РЎЗИ ПАРЧАМ.

                                                      

              Меҳнаткашони ноҳияи Мир Сайид  Алии  Ҳамадонӣ  рўзи парчами  Ҷумҳурии соҳибистиқлоламонро    дар рўҳияи якдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат ба ин мулки аҷдодтӣ таҷлил намуданд. Дар майдони марказии  Исмоили Сомонӣ коргарони   ташкилоту муассисаҳо, коллективҳои мактабҳо  дар даст парчам ва шиорҳои ба сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ даъваткунанда бо сари баланд  аз намоиши идона гузаштанд. Кас ба чеҳраҳои саршор аз хурсандиву фараҳи онҳо нигариста, эҳсос мекард, ки ин мардуми озоду рўзгори осоишта дошта, аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки онҳоро боэътимод ба сўйи фардои дурахшон бурда истодааст, шоду маъмнун буда, онро бо ҳама ҳастиашон тарафдорӣ  ва ҳифз мекунанд. Баъди намоиши идона  дар Филармонияи мардумии ба номи устод Одинаи Ҳошим  чорабинии  идона  идома ёфт. Сараввал,  омадагонро  ҷонишини раиси ноҳия Нусратулло  Сафарзода   табрик намуда, дар бораи парчами ин мулки соҳибистиқлол ва роҳи дар тўли таърих тай намудаи он сухан кард. Сипас, ҳозиринро ба ин рўзи саид  намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ,- директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсияи  ва нозироти савдо дар минтақаи Кўлоб  Мирзохон Гулмаҳмадзода муборакбод намуда, табрикоти раиси вилоятро  ба самъи ҳозирин расонда,  ба меҳнаткашони ноҳия барои   иҷрои супоришу ўҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон барори кору  ғайратмандӣ ва зиндагии саодатмандона таманно намуд. Дар қисми бадеии чорабинӣ ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи устод Одинаи Ҳошим  хотири омадагон ва меҳмононро бо суруду таронаҳои дар васфи парчам, сулҳу оромӣ, Пешвои миллат, Ватани озод  хондаашон шоду маъмнун  гардонданд.

                Рўзи парчами Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар ноҳия дар вазъияти  баланди сиёсиву якдигарфаҳмӣ   ва  маърифатӣ    таҷлил гардид.

 

  

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.