Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд.

          Дирӯз дар  ҷамъомади навбатии  назоратии назди раиси ноҳия масъалаҳои мубрами рўз мавриди баррасӣ қарор гардиданд. Раис аз роҳбарон-муттасадиёни ба ҷамъоварии андоз  вобастакарда дар боби ҷамъоварии сусти  андоз, дар вақташ ҷамъоварӣ накардани маблағҳо аз андозсупорандагон ба таврӣ қатъӣ пурсиш ба амал овард. Аз фаъолияти гурўҳҳои кории мақомот оид ба ҷамъоварии  маблағҳои  андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ аз роҳбарони гурўҳҳои корӣ пурсид.Аз  сардори раёсати кишоварзии ноҳия М. Орифзода ва раисони Ҷамоатҳои деҳотӣ  дар бораи  шудгори тирамоҳӣ ва кишти саривақтии ғалладонагиҳо дар заминҳои обиву лалмӣ  воқиф гардид.Инчунин, аз М.Орифзода дар бораи захира намудани чигити тухмӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои  пахтакори  пурсон шуда, маслиҳатҳо дод.

          Аз чонишири  раиси ноҳия Н. Сафарзода, сардухтури  беморхонаи марказӣ Ҳ. Розиқов, мудири шуъбаи маданият К.Шарифов аз  омодагиҳои муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳангии ҳудуди ноҳия  дар мавсими зимистон  суол кард ва  талаб намуд, ки дар омодагии ин масъалаи муҳими рўз  ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.

                    - Пешниҳоди ҳисоботи оморӣ  дар вақташ бояд иҷро шавад.Ҳар як кори иҷрошуда   пеш аз ҳама  аз рўйи ҳисоботҳояш аниқ ва муайян мегардад. Аз ин рў, ба  пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ  диққати махсус бояд дод,- гуфт раиси ноҳия.

                      -Муҳтарам М.Орифзода  маълумотҳро оиди ҷамъбасти озмуни коркарди меваю сабзавотро дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, дар асоси Низомномаи махсус то ҷамъомади  навбатӣ омода намуда, пешниҳод намоед.,-супориш дод раис.

          Аз сардори идораи омори ноҳия Ш. Шарифов  оиди рафти омодагиҳо  ба гузаронидани маъракаи  барўйхатгирии аҳолӣ дар асоси талаботи  Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  пурсида, барои дар вазъияти баланд гузаронидани ин чорбинии муҳими сиёсӣ маслиҳатҳои муфид дод.

          Раис инчунин, аз  мутасаддиёни Ҷамоати шаҳрак ва роҳбари идораи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» аз рафти тозагии назди биноҳои серошёна, биноҳои маъмурӣ ва кўчаву хиёбонҳои шаҳрак  пурсон шуда, барои мунтазам тоза нигоҳ доштани ҳудуди  шаҳрак маслиҳатҳои  судбахш дод.

          Маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия  дигар масъалаҳои марбут ба пешравии корро  мавриди муҳокима қарор дода, барои дар сари вақт иҷро намудани онҳо катъӣ супориш дод.

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.