Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари хирадмандонаи Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари биҳишосоямон ва ҳамчунин дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ бо суръати тоза идома дорад.

     Дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия таи солҳои охир даҳҳо километр роҳҳо асфалтпўш гардида, корхонаҳои хурду марказҳои хизматрасонӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, фурўшгоҳҳо бо иштироки роҳбарони воломақоми ҷумҳурӣ, вилоят ва раиси ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

     Дар дуртарин деҳаҳои ноҳия бо дастгирии ҷавонмардони эҳсонкору саховатпеша нуқтаҳои хизматрасонӣ сохта шуда, онҳо баҳри қонеъ гардонидани талаботҳои рўзафзуни аҳолии ин мавзеъҳо хизмат мерасонанд.

 

  

 

  

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.