Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҒАЛАБАИ ДУШВОР

        Дар вохўрии охирини худ дар мусобиқоти мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи дуюм дастаи «Сарҳадчӣ» дар майдони худ дастаи «Шоҳин»-и ноҳияи Муъминободро қабул кард. Бозӣ бо ҳуҷумҳои пайдарпайи соҳибони майдон оғоз ёфт ва онҳо дар дақиқаи даҳум ҳисобро кушоданд. Баъди панҷ дақиқа меҳмонон бо як ҳуҷуми ҷавобӣ дарвозаи «Сарҳадчӣ»-ро рахна намуда, ҳисобро баробар карданд.

       Футболбозони мизбон дарвозаи меҳмононро ба нишон гирифта, ду маротибаи дигар тўбро вориди дарвозаи «Шоҳин» намуданд. Қисми аввали вохўрӣ бо натиҷаи 4-1 ба фоидаи  «Сарҳадчӣ» анҷом ёфт.

       Дар қисми дуюми бозӣ меҳмонон каме фаъол гашта, ба дарвозаи «Сарҳадчӣ» ду тўб зада, ҳисоби бозиро ба 4-3 расониданд. Дар дақиқаҳои охири вохўрӣ  соҳибони майдон боз як тўби дигар ба дарвозаи меҳмонон зада, бозиро ба натиҷаи 5 бар 3 ба фоидаи худ анҷом доданд.

Бозӣ хеле шавқовар гузашт.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.