Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Корафтодагон розӣ рафтанд.

          Рўзҳои чоршанбе ва  шанбе   дар рўзҳои қабули раиси ноҳия, муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  шаҳрвандони зиёде барои ҳоҷати хеш баровардан ба  инҷо  меоянд. Раис ҳамаи корафтодагонро  қабул намуда, чун анъана  аз ҳамаашон пурсон шуда,.аз мақсадҳояшон воқиф мешавад. Корафтодагон аслан дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, оби нўшокӣ,оиди камбизоатӣ,кашидани хати барқ, тоза намудани ҷўйборҳои обрав ва дигар масъалаҳои мубрами рўз  арзи ҳол менамоянд. Дар рўзҳои қабул қариб ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо  ширкат варзида, аз рўйи  масъалаҳои ба миён овардаи корафтодагон ва ҳалли саривақтии  онҳо супориш мегиранд.

         -Фаромўш накунед, ки корафтодагон ба қабули раис ва муовинонаш ба умед меоянд. Боварӣ доранд, ки баъди изҳори камбудиҳояшон масъалаҳои ба миён гузоштаашон ҳалли худро меёбанд. Мо роҳбарон бояд ба боварии ба мо карда сазовор кору фаъолият намоем,-гуфт дар ҳозирии роҳбарони ташкилоту муассисаҳо раиси ноҳия.

        Рўзҳои қабули шаҳрвандон дар ноҳия  баҳри беҳбудии кор ва кам шудани арзу шикояти меҳнаткашон мусоидат менамояд.

 

  

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.