Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ДАР РЎҲИЯИ ЯКДИГАРФАҲМӢ

            Вохўрии раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ   Одиназода бо  меҳнаткашони  ноҳия дар рўҳияи баланди якдигарфаҳмӣ идома дорад. Дирўз чунин вохўраӣ ба аҳли  меҳнаткашони Ҷамоати деҳоти   Чубек баргузор гардид.Сараввал раис дар бораи бурду бохти соли рафтаистода, камбудиву муваффақиятҳои он ба ҳозирбудагон  ба факту рақамҳои аниқ  маълумот дод.Қайд карда шуд, ки меҳнаткашони ноҳия соли  рафтаистодаро  нисбати солҳои пешин хубтар ҷамъбаст намуданд.Дар тамоми соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқи ноҳия  корҳо равнақ ёфта, нақшаву ўҳдадориҳо сарбаландона ба иҷро расиданд.

              -Ин муваффақияту сарбаландиҳо гувоҳи онанд, ки меҳнаткашони сарбаланди ноҳия таҳти сиёсати хирадмандонаи   сарвари муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кору фаъолият намуда, ба чунин дасовардҳои назаррас ва комёбиҳо  ноил гардидаанд. Минбаъд низ моро лозим меояд, ки ана ҳамин тавр  бо рўҳи баланду ғайратмандӣ меҳнат намуда, рўзгори худро беҳтару хубтар намоем. Барои амалӣ намудани ин мақсадҳои нек дар ноҳия тамоми шароитҳо мерасанд,- гуфт дар фуроварди суханаш муҳтаравм  Бозоралӣ  Одиназода.

              Раис ба чаъомадагон дар бораи нақшаву ўҳдадориҳои соли  меомадагӣ маълумот дода, дар қатори дигар масъалаҳо оиди шудгори тирамоҳӣ, кишти зироатҳои ғаллагӣ, омодагии техникаҳои шудгоркунанда, сифати тухмиҳои  киштшаванда, дар сари вақташ пардахт намудани андозҳо, маблағҳои хизмати об, барқ ва махсусан самаранок истифода бурдани заминҳои киштшаванда ба ҳозирин  гуфта гузашт ва маслиҳатҳо  дод.    

               Сипас аҳли толор ба раис ва мутахассисони ҳамроҳаш буда – М.Орифзода- раиси раёсати кишоварзии ноҳия, Н.Гиёсов-сардори маркази  таъминоти бехатарии озуқаворӣ, Д.Пиров- раиси кумитаи замини ноҳия, К.Самадов-сардори идораи беҳдошти замин ва обёри   саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Вохўрӣ дар рўҳияи баланди якдигарфаҳмӣ маҷро гирифта, як қатор масъалаҳои муҳими марбут ба пешравии кор ҳалли саривақтии худро ёфтанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.