Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

       Рӯзи 26 июни соли 2018 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум бо масъалаҳои зерин баргузор гардид:

       1.Ахбороти Комиссияи  вилоятии  интхобот  оид  ба  гузаронидани  интхоботи  вакили  Маҷлиси вакилони халқи  вилояти  Хатлон  ба  ивази  вакили  хориҷшуда дар  ҳавзаи  интихоботии Ҳамадонӣ 50 ва тасдиқ   намудани  ваколати  вакили Мақлиси  вакилони  халқи вилояти  Хатлон, даъвати  панҷум.

       2.Рафти  иҷрои қарори  раиси вилояти Хатлон аз 30  майи  соли  2014, №111  “Дар бораи Барномаи вилоятӣ  оид  ба  пешгирии  зӯроварӣ  дар  оила дар  вилояти Хатлон  барои солҳои 2014-2023” дар шаҳру  ноҳияҳои вилоят.

       3.Рафти  иҷрои  қарори  раиси  вилояти Хатлон  аз  25  августи  соли 2017, №160 “ Дар  бораи  Барномаи  маҷмӯи  рушди  тарбияи   ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2017-2021” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

       4.Ҳисоботи сардори раёсати Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон №264 аз октябри соли 2015 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №737 аз 19 декабри соли 2014 “Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” дар шаҳру  ноҳияҳои вилоят.

       Дар ҷаласа инчунин, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат,  муовини соҳавии раиси ноҳия Тағаймуродзода Санифа,  мудирони бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, Директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия, сардори Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия даъватшуда, дар кори ҷаласа иштирок намуданд.  

      Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия қарори дахлдор қабул гардида, ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №50 Одиназода Бозоралӣ Неъмат тасдиқ карда шуд.

     Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои супоришҳо ва ислоҳи камбуддиҳое, ки вобаста ба фаъолияти соҳаҳои дахлдори ноҳия дар рафти ҷаласа дарҷ гардиданд, нақшаи чорабинӣ таҳия намуда, чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ