Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - бо намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолӣ мулоқот доир гардид.

     Рӯзи 5 июни соли равон дар ҳайати гуруҳи таблиғотӣ, ки ба ҳайати он намояндагони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, хадамоти муҳоҷират ва сархатиби ноҳия шомил буданд, дар Ҷамоати деҳоти Панҷоб бо намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонписарону ҷавондухтарон, занону оилаҳои таҷрибаи бойи рӯзғордошта  мулоқот доир гардонида шуд. Дар давоми мулоқот асосан ба масъалаҳои доғи рӯз –зӯроварӣ дар оила ва хушунати хонаводагӣ, сӯйиқасд ба ҷон, худкушию худсӯзӣ,шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу равияҳои террористӣ, экстремистӣ ва пешгирӣ аз онҳо таваҷҷуҳ равона гардид. Дар ҷавоб ба ин иштирокчиёни мулоқот Кабирова Бахтинисо, Ҳамидов Умед, Одинаев М. Сухан намуда, ашхоси ба ин амалҳои номатлуб дастзадаро маҳкум намуданд.

 

 

   

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ