Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ ДАР СОЛИ 2019 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2020


(Гузориши мухтасар аз рафти маҷлиси ҷамъбастӣ)
Имрӯз, 9 январ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тибқи нақша ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳри рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалӣ иштирок ва баромад намуданд.
Ибтидо раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода дар бораи бурду бохти рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия муфассал ҳисобот дод.
Зимни суханронӣ Бозоралӣ Одиназода қайд кард, ки аз ҳамаи сарчашмаҳои воридотӣ тавассути бонкҳо ба ноҳия зиёда аз 260 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки ба қисми даромади буҷаи 10 солаи ноҳия баробар аст.
Назорати зарурӣ ба сифати таҳсилоти хонандагон, такмили ихтисос ва таҷрибаивазкунии омӯзгорон, баҳои ҳаққонӣ додан ба натиҷаи аззудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар баромади раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода таъкид гардид.
Аз заҳмати табибон ёдовар шуда, аз камбудиву норасоиҳои соҳа таҳлил намуд. Новобаста ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, рушди тибби оилавӣ 2 ҳодисаи фавти модар ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 адад зиёд аст.
Бахшида ба пешвози 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия зиёда аз 196 иншоотҳои таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буданд, ки ба муҳайё намудани ҷойҳои иловагии корӣ мусоидат хоҳад намуд. Хушбахтона бо назардошти илова ба нақшаи сохтмонӣ ба ҷои 78 иншоот 90 иншоот дар ҳамин сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар соли 2020 тибқи нақша 59 иншооти ҷашнӣ бояд сохта, ба истифода дода шаванд.
Раиси КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалӣ, ки ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия низ ҳастанд, дар баромади худаш аз вазифаҳои асосӣ, ки аз Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, суханронӣ намуда, ҳозиринро ба меҳнати суботкоронаю созанда дахват намуданд.
Аз масъулини ноҳия ҷиҳати фаъолияти хоҷагии ниҳолпарварӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳия, истифодаи самараноки заминҳои обӣ, коркарди пахта дар ноҳия, хусусигардонии корхонаҳо, аз ҷумла истифода нашудани калонтарин муассисаи саноатӣ - заводи пахта ва амсоли инҳо эродҳои ҷиддӣ гирифтанд.
- Мо барои иҷрои вазифаҳои дар Паёми Пешвои муаззами миллат барои бунёдкориву созандагӣ гузошташуда, дар назди Худованду мардуми ноҳия вазифадорем, - гуфтанд дар поёни суханрониашон раиси КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Комил Мирзоалӣ.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

 

  

 

  

 

   

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.