Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАРБИЯТ ЯКСОН АСТ, ВАЛЕКИН ТАБОЕЪ МУХТАЛИФ ё ТО КАЙ ХУСБӢ, КИ КОРВОН РАФТ ...


    Шанбеи дуюми соли 2020 дар қабули раиси ноҳия қатори даҳ нафар як мӯйсафед иддао дорад, ки аз соли 1984 заминҳои бекорхобидаи партовгоҳро ҳамвор карда, дарахт шинонидааст ва иҷозат ҳам додаанд, ки метавонӣ хона ҳам бисозӣ . . . Ба ҳамин монанд, соли гузашта низ якчанд нафар корафтодаҳо баъзан иддаои бепоя мекарданд, ки заминҳо бесоҳиб буданд, сангзор буданд, баъд ин заминҳоро корам кардему соҳиб ёфтанд. Ба пурсиши он, ки чаро ҳуҷҷат накардед, посухи хеле содалавҳона медиҳанд, ки "Рости гап касе нагуфт, ки ҳуҷҷат кардан лозим аст..."
Аз 11 шахси муроҷиаткарда 8 нафарашон барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳастанд.
Раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода ба масъулини кумитаи идораи замин ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот супориши қатъӣ доданд, ки ҳайати оилаи ҳар кадомашонро биомӯзанд, аз заминҳои барои ин мақсад ҷудошуда тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия сохтмони хонаҳои ду - се ошёна назорат карда шавад.
Чанд муроҷиати "хобрафта" низ баррасӣ шуд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

  

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.