Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Маслиҳати мутахассис оид ба парвариши пахта

      ДАР ПАРВАРИШИ ПАХТА ОБЁРИИ ИЛМАН АСОСНОК  АҲАМИЯТИ КАЛОН ДОРАД . БАРОИ МУЙЯН КАРДАНИ  ОН КИ ПАХТАЗОР БА ОБМОНӢ ЭҲТИЁҶ ДОРАД АЗ МАЙДОНИ ҚИТЪАИ ЗАМИНИ ИНТИХОБШУДА АЗ ҲАР 80-100 НИҲОЛИ ПАХТА  АЗ НУҚТАИ САБЗИШИ НИҲОЛ БАРГИ СЕЮМАШРО ГИРТФТА ҚАТ МЕКУНЕМ. АГАР ХАНГОМИ  ҚАТ КАРДАНИ БАРГ САДОИ ҚАРСИ ШИКАСТАН БА МУШОҲИДА НАРАСАД МАЪЛУМ МЕШАВАД , КИ ҚИТЪАИ ЗИКРШУДА  ОБТАЛАБ АСТ.

    МУШОҲИДАХОИ ГУЗАРОНИДА НИШОН ДОДАНД, КИ ДАВРАИ ОБДИХИИ ПАХТАЗОР ГУЗАРОНИДА ШУДААСТ, ПАХТА ДАР ДАВРАИ САРОСАР ГУЛКУНӢ БУДА, ТЕППАГУЛ ШУДААНД, ВАЛЕ БА МАЙДОНИ ПАХТАЗОР ҲАНӮЗ ОБ НАГИРИФТАНД.  ИН ҲОЛАТ ДАР ДАВРАИ НАШЪУНАМОИ МИНБАЪДАИ ПАХТАЗОР БА ПАСТ ШУДАНИ ҲОСИЛНОКӢ БОИС ШУДА МЕТАВОНАД.

    ПЕШ АЗ ОБМОНӢ КӮШИШ КАРДАН ЛОЗИМ АСТ,  КИ ҶУЙБОРИ ОБРАВРО ВОБАСТА БА ХАНВОРИИ МАЙДОНИ ПАХТАЗОР БИКАШЕМ.

    БОЯД ДАР НАЗАР ДОШТ, КИ АЗ ҲАМА БЕШТАР БА ОБ ТАЛАБОТ ДОШТАНИ ИН ЗИРОАТ ДАВРАИ ГУЛКУНӢ ВА КУРАКБАНДӢ МЕБОШАД.БИНОБАР ИН ДАР ИН МУДДАТ БА ТАЪХИР АНДОХТАНИ ОБЁРӢ САБАБИ ГУЛУ ШАКАРАК ДАР МАЙДОНИ ПАХТАЗОР ШУДА МЕТАВОНАД.

      ҲАНГОМИ ОБМОНӢ КӮШИШ КАРДАН ЛОЗИМ АСТ, КИ БА КАМНАШАВИИ ОН РОҲ НАДИҲЕМ, ЗЕРО ЧУН ҲАРОРАТИ ХАВО ГАРМ АСТ, БОИСИ ОБСУЗ ГАРДИДАН ВА ТАЪСИРИ МАНФӢ РАСОНДАН БА ҲОСИЛНОКИИ ПАХТА МЕГАРДАД.

       ДАВОМНОКИИ ОБМОНИИ ҚИТЪАХОИ ПАХТАЗОР ВОБАСТА БА НАВЪИ ХОК ГУНОГУН БУДА МЕТАВОНАД. ДАР ҚИТЪАҲОЕ, КИ ХОКАШОН ШАРТАН САБУК НОМИДА МЕШАВАНД,ОБИ ЗЕРИ ЗАМИНИ ПАСТ АСТ,  ОБМОНӢ 1,5-2 ШАБОНАРӮЗ ВА ДАР ҚИТЪАҲОИ АЛОХИДА ХОКАШОН ВАЗНИН, 2,5 ШАБОНАРӮЗ ДАВОМ МЕКУНАД. ДАР СУРАТИ БАЛАНД БУДАНИ ОБИ ЗЕРИ ЗАМИНӢ ОБМОНИ 1-1,5 ШАБОНАРӮЗ ДАВОМ КАРДАНАШ КИФОЯ АСТ.  ДАР ҚИТЪАИ ЗАМИНИ САНГЛОХ ЗУД- ЗУД ВА БА МЕЪЁРИ КАМ ОБМОНӢ БОИСИ НАШЪУНАМОИ ПАХТА ХОҲАД ШУД.

     РЕҶАИ МАСРАФИ ОБ ДАР  1 га ДАР ДАВРАИ ГУЛУ ШОНАБАНДӢ БА 700-800 м3/га  ДАР ДАВРАИ КУРАКБАНДӢ 800-1000 М3/га  ВА ДАР ДАВРАИ  РАСИДАНИ ҲОСИЛ 600 м3/га РОСТ МЕОЯД.

      РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ ОБМОНӢ ВА ВАҚТИ ОН АЗ РӮИ ТАҶРИБАИ ДЕҲҚОНОНИ АСИЛ МУҲИМ БУДА, ОБРО ХУНИ ПАХТА МЕГУЯНД.

 

МУБОРИЗА  БАР  ЗИДДИ ХАШАРОТИ ЗАРАРРАСОНИ ПАХТА

   ДАР ДАВРАИ АЗ ҲАМА МУХИМ НИГОХУБИНИ ПАХТАЗОР ИН ДАВРАИ ПАҲНШАВИИ ҲАШАРОТҲОИ ЗАРАРРАСОН МИСЛИ ШИРИНЧА, ТОРТАНАКАНА,ТРИПСИЯИ ТАМОКУ, ГАНДАНАФАСАКИ САҲРОӢ ВА КИРМИ ШОНА МЕБОШАД,КИ АЙНИ ЗАМОН БА МУШОҲИДА МЕРАСАД.

    БО ГАРМ ОМАДАНИ ҲАРОРАТИ ҲОВО ТОРТАНАККАНА ТЕЗ АФЗОИШ МЕЁБАД.

  ТОРТАНАККАНА ДАР МАВСИМ АЗ 18 ТО 24 НАСЛ МЕГУЗОРАД ҶОЙҲОИ ҚИТЪАҲОИ ПАХТАЗОР БА СУРХ ШУДАНИ БОЛОИ БАРГИ НИҲОЛҲОИ ПАХТА Ё БУРАНГИ ОҚИБАТ БА ХУШК ШУДАНИ БАРГҲО ШУДА ОВАРДА МЕРАСОНАД.БАРОИ ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ АЗ ЗАРАРИ ИН ҲАШАРОТ ЧОРАҲОИ МУБОРИЗАРО САРИ ВАҚТ АНДЕШИДАН ЛОЗИМ МЕОЯД.

    ҲАНГОМИ БА МУШОҲИДА РАСИДАНИ ТАЪСИРИ ТОРТАНАККАНА АЗ ЗАҲРХИМИКАТҲО БО МЕЪЁРИ МУАЙЯН ВА САРИ ВАҚТ ИСТИФОДА БОЯД КАРД.КИ ЧУНИНАНД.

 

1.ВЕРТИМЕК 1,8 БО МЕЪЁРИИ 0,3-0,4 лт/га

2.АМАЙТ 2,5-3 лт/га

3.ЗУМ     0,25 лт/га

4.НЕОРОН 0,3 лт/га

 

ҲАМЧУНИН, АЗ ХОКАИ ОЛТИНГУГИРД НИЗ ИСТИФОДА БУРДАН МУМКИН АСТ.  ҲАШАРОТҲОИ ДИГАР БО БА ГУЛУ ШОНАИ ПАХТА ЗАРАРАСОН ГАНДАНАФАСАКИ САХРОӢ  ВА ТРИПСИ ТАМОКУ МЕБОШАНД. ИН ҲАШАРОТИ ЗАРАРАСОН АЗ ДАВРАИ ШОНАБАНДӢ ТО ОХИРҲОИ НАШЪУНАМОИ ПАХТА МЕТАВОНАНД САБАБИ КАМҲОСИЛӢ ШАВАНД.

 

   БА МУҚОБИЛИ ШИРА ГАНДАНАФАСОНИ САҲРОӢ ТРИПСИ ТАМОКУ АЗ ЗАҲРХИМИКАТИ ЗЕРИН БО МЕЪЁРҲОИ ЗАЙЛ МЕТАВОН ИСТИФОДА КАРД:

 

1.КАРАТЕ  0.4-0,5 лт/га

2.ФЮРЕ    0,2 - 0,3 лт/га

3.КОНАРРИДОР 0,2-0,4 лт/га

4.КАРБОФОС    0,6-1,2 лт/га

 

     ҲАШАРОТИ ДИГАРИ ЗАРАРРАСОН КИРМИ ШОНА МЕБОШАД. ДАВРАИ НАСЛГУЗОРИИ ЯКУМИ ОН ГУЗАШТА, ҲОЛО ДАР ПАХТАЗОР НАСЛИ ДУЮМИ КИРМИШОНА ИДОМА ДОРАД. ИН ҲАШАРОТ 4 ДАВРАРО АЗ САР МЕГУЗАРОНАД: ШАПАРАК, ТУХМКИРМ, ЗОЧА. АЙНИ ЗАМОН ДАР ПАХТАЗОРИ НОҲИЯ ТУХМОНИИ ОН БА МУШОҲИДА РАСИДААСТ. ШАПАРАК БАЪДИ ПАРВОЗ БА ТУХМГУЗОРӢ ШУРУЪ МЕКУНАД.ЯК ШАПАРАК МЕТАВОНАД ТО 2500 ТУХМ ГУЗОРАД.БАЪДИ 3- РӮЗИ ТУХМГУЗОРӢ КИРМАКҲО ТАВЛИД МЕШАВАНД.ТАШКИЛИ МУБОРИЗА БАРЗИДДИ КИРМИ ШОНА ҲАНГОМИ МАЙДА БУДАНИ ОН САМАРАБАХШ МЕШАВАД. КИРМИ ШОНА ҲАР 3-РӮЗ ЯК ЗИНА ВА ҲАМАГӢ 6 ЗИНА АЗ САР МЕГУЗАРОНАД. МУБОРИЗАИ САРИ ВАҚТӢ БАР ЗИДДИ КИРМИ ШОНА БО ЗАҲРХИМИКАТҲОИ ЗЕРИН БО МЕЪЁРИ ЗАЙЛ ГУЗАРОНДАН ТАВСИЯ ДОДА МЕШАВАД МЕШАВАД:

 

1.АРИВВО   0.6 - 0,7 лт/га

2.КАРАТЭ    0,4 - 0,5 лт/га

3.ФОСТАК   0,25 лт/га

4.ФИЮРЕ    0.2 - 0,3 лт/га

5.КУРЕМЯ   0,8 - 1,0 лт/га

6.ПОЛИТРИП  1,0 лт/га

7.МОСПИЛАП  0,1 лт/га

 

БОЯД ТАЪКИД НАМУД, КИ  МУБОРИЗАИ САРИВАҚТ БАР ЗИДДИ ҲАШАРОТИ ЗАРАРРАСОН БОИСИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ МЕГАРДАД.

 

 

 

 

 

 

   

 

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ