Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ФИРИСТОДА БОЯД, КИ ДОНО БУВАД ...


      Имрӯз, 11 январ, соати 14 дар маҷлисгоҳи мактаби рақами 14 Конференсияи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ баргузор гардид. Мавзӯи асосии конференсия пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботи якмандатии Ҳамадонӣ-35 мебошад.
      Ҷаласаи муштарак баъди баррасии масъалаи мазкур ба он расиданд, ки номзадии вакилии кунунии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт барои даъвати нав пешниҳод карда шавад.
       Аз рӯи ин масъала узви Раёсати КИМ ҲХДТ, Фаттоҳзода Саймурод Самад баромад намуда, аз тарҷимаи ҳол ва фаъолияти самарабахшу ҳаёти ҷамъиятии Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар муфассал баромад намуданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки тули панҷ соли даъвати пешинаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович худро вакили воқеии мардумӣ нишон дода, дар ҳамаи вохуриҳо бо интихобкунандагон аз мушкилоти онҳо огаҳӣ дошт ва дар ҳалли онҳо бевосита саҳм мегирифт.
Аз рӯи ҳамин масъала, узви ҲХДТ, сармуҳаррири рӯзномаи “Зафар”, нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Сайидамир Вализода, Адолатов Хуршед, ҷонишини директори мактаби рақами 17, ноҳияи Восеъ Тағоева Дилшода, директори мактаби рақами 49, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баромад карда, дар бораи фаъолияти самарабахши номзад ба вакили МН МО ҶТ Ҳаёт Одинаев сухан карданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки вакили мо Ҳаёт Одинаев дар таҳияи лоиҳаи 7 қонуни мукаммал, 2 кодекс, бештар аз 2000 таклифу пешниҳодҳо, ки 80%-ашон қабул шудаанд, саҳми бевосита доштанд. Дар давоми фаъолияти вакилӣ Ҳаёт Одинаев 6 маротиба ййхййбарои хонандагони мактабҳои ҳудуди ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ - 35, тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ дар ҳаҷми зиёда 150 000 сомонӣ кумак кардааст. Ҳудуди 13 200 сомонӣ ба маъюбони Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони "Равонбахш"-и Ҷамоати деҳоти Даштигуло, зиёда аз 5 тонна семент барои бунёди бино дар Беморхонаи марказии ноҳия ва бинои маъмурии КИ ҲХДТ кумак намудаанд. Дар деҳаи Тоскалъа бо маблағи 330 000 аз ҳисоби маблағҳои озоди МН сохтмони нотамоми бинои мактаб ба анҷом расонда шудааст. Дар асоси муроҷиати расмӣ ва дархости вакилӣ дар ҳамин деҳа барои 640 нафар мактаби замонавӣ бо толори варзишӣ сохта истодаанд, зеро дар мактаби деҳаи номбурда 1800 нафар хонандагон дар се баст таълим мегирифтанд.
Дар варақаи овоздиҳии пинҳонӣ номи як нафар - Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович дохил карда, бо тарафдории 177 раъй (аз 180 раъй, 3 варақ беэътибор дониста шуд) ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Ҳамадонӣ - 35 якдилона пешниҳод гардид.
Дар поёни Конференсия номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Ҳамадонӣ - 35 Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович баромад намуда, барои сазовори боварии Сарвари муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидан ва дастгирии иштирокчиёни Конференсия ва ҳар як узви ҲХДТ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ изҳори сипос намуданд.
Дар поёни Конференсия, узви Раёсати КИМ ҲХДТ Фаттоҳзода Саймурод Самад аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ сухан карда, ҳозиринро барои дар амал татбиқ намудани нуктаҳои он даъват намуданд.
Дар кори Конференсия раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода иштирок доштанд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.