Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардид.

      Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2018 доир гардид.

      Дар маҷлис роҳбарони  мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ,  ташкилоту муассиса, корхонаву идораҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.

      Аз  рӯи масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия  дар нимсолаи аввали соли 2018 муовини соҳавии раиси ноҳия Сафаров Н.С маъруза намуд. Дар маърӯза қайд гардид, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар ин давра дар ҳамаи соҳаҳо ва бахшҳои хоҷагидории ноҳия  пешравиҳо таъмин гардиданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ нисбатан афзоиш ёфта, дар шаш моҳи соли равон 143 миллиону 345,9 ҳазор сомониро ташкил кард. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, ба  36 миллиону 213,3  ҳазор сомонӣ расонида шуд.

     Дар давраи сипаришуда, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ  аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ 100.7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 11 миллиону 407 ҳазору 600 сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақша 78 ҳазору 300 сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 87.8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

     Сипас раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат оид ба камбудӣ ва норасоиҳое, ки давоми шаш моҳ дар фаъолияти сохторҳои дахлдор ҷой доштанд аз масъулин пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати бартараф намудани онҳо  масъулини соҳаро  вазифадор намуд.

     Дар маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати Хадамоти тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб Раҷабзода Мирзоалӣ иштирок кард ва  дар охир оид ба масъалаи маҷлис ибрози ақида намуд.

  

   

image
Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

image
Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ