Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МУБОРИЗА АЛАЙҲИ КОРРУПСИЯ, ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ, ХУДКУШӢ, ХУШУНАТУ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА


Аз ибтидо то охири моҳи январ гурӯҳи кории таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Санифа Тағаймуродзода маҳалла ба маҳалла дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо мардум вохӯрӣ гузаронида, ҷиҳати пешбурди корҳои маърифатию оммафаҳмонӣ доир ба масъалаҳои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.11.2016, рақами 776 "Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020", муҳтавои "Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020", рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу омилҳои ба худкушӣ даст задани шаҳрвандон ва хушунату зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон бо мардум суҳбат доштанд.
Вобаста ба мавзӯъҳои зикршуда баромади сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Сафоев А., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Қиматов З., собиқадори меҳнат ва муовини раиси ноҳия С. Тағаймуродзода хеле диққатҷалбкунанда буданд. Зимни баромадҳояшон аз ҳаёти мардуми ноҳия дар радифи вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ба ҷиноят даст задан ва мусоидат намудан ба дигар амалҳои зишт аз тарафи ноболиғону наврасон ва ҷавонон мисолҳои амиқ оварданд.
Вохӯриҳо, ки аз 9-ум то охири моҳи январ давом карданд, бисёр судманду таъсиргузор буданд.
САЙИДАМИР ВАЛИЗОДА

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.