Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БА ПОЁН ОМАД ИН ДАФТАР, ҲИКОЯТ ҲАМЧУНОН БОҚИСТ


Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳия махзани воқеии таҷрибаи чанд насл ва тарбияи насли наврас бо ҳамаи мактабҳои ноҳия, алалхусус шаҳраки Москва робитаи ногусастанӣ дорад. Дар рӯзҳои барои толибилмон мувофиқ онҳо гурӯҳ - гурӯҳ бо роҳбаладии омӯзгорон ба ин даргоҳи муқаддас омада, аз ҳаёту комёбиҳои пешиниён огаҳӣ пайдо намуда, маълумоти бештаре мегиранд.
Чанд рӯз пеш хонандагони синфҳои ибтидоии мактаби рақами 14 ҳамроҳи муаллимонашон меҳмони ин даргоҳ буданд.
- Ба хонандагон аз ҳама бештар экспонатҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва бозёфтҳои таърихӣ - кишваршиносӣ писанд омаданд, - гуфт ҳини суҳбат Ш. Раҳимов, директори Осорхона.
- Дар воқеъ Осорхона ягона муассисаи зертобеи бахши фарҳанг дар ноҳия аст, ки маълумотҳои асосии ноҳия дар ин ҷо маҳфузанд ва таърихи ноҳияро пурра мегардонанд. Дар остонаи 70-солагии ноҳия кори ин махзани таърихиро боз ҳам ҷоннок мегардонем, - мегӯяд мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Карим Шарифов.
САЙИДАМИР ВАЛИЗОДА, "ЗАФАР"

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.