Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БОҒИ НАВ

             Бо ташаббуси  аъзоёни хоҷагии деҳқонии « Сомонҷон» ( деҳаи  Пушкини  ҷамоати деҳоти Қаҳрамон ) дар як гўшаи замини санглохи ҳудуди  ҷамоат, ки солҳо боз бекор  мехобид, боғи нави замонавӣ қомат афрохт.  Боғ дар масоҳати 0,50  га замин бунёд гардида, дар он дарахтони  мевадиҳанда  аз қабили    зардолу, шафтолу, себ, нок, гелос, хурмо, бодом  ва ғайраҳо шинонда шуданд.

           -Чӣ тавре ки дар суҳбат рохбари хоҷагии деҳқонии « Сомонҷон»  Моҳинав  Боева иброз дошт,  мо азм дорем, ки  нигоҳубини  боғи навро    дар асоси нишондодҳою  маслиҳатҳои  мутахассисони соҳа     ба роҳ монда, ба    мақсадҳои дар пеш  гузоштаамон  сарбаландона  муваффақ шавем.

           Ба маврид аст, қайд намоем, ки солҳои охир  дар асоси Барномаи рушди  боғу токпарварӣ меҳнаткашони    ноҳия дар  заминҳои бекорҳобида, гайрикишоварзвӣ ва доманақўҳҳо даҳҳо гектар боғҳои нав бунёд кардаанд, ки  қариб нисфи онҳо аллакай, боровар шудаанд.

          -Сарвари муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳар як вохўрию мулоқотҳояш ба меҳнаткашон таъкид ба амал меорад, ки дар заминҳои бекорхобида дарахтони мевадиҳанда шинонда, ба ин васила майдони боғҳоро зиёд намоянд. Ин гуфтаҳоро  аъзоёни хоҷагии  деҳқонии мо сармашқи кори худ намуда, ба чунин иқдоми нек даст заданд,- суханашро идома дода гуфт раиси хоҷагии деҳқонӣ  Моҳинав Боева.

         « Аз некон- бо», -гуфтаанд рафтагонамон. Онҳо  шинонданд, мо дастурхон ғанӣ мегардондем, мо мешинонем, то ҳам худамону ҳам омадагонамон  аз меҳнати ризқофари дастонамон хони хеш мураттаб созанд ва ин амали некро   боз ҳам идома диҳанд.  .       

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.