Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МАШВАРАТИ СУДМАНД

     Шоми дирӯз 10.02.2020 раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ҷиҳати таҳияи китоб оид ба таърихи 70-солаи ташкилшавии ноҳия бо муовини соҳавӣ Санифа Тағаймуродзода ва ҳайати эҷодии рӯзномаи "Зафар", нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Сайидамир Вализода, Салимов Абдуҳалим ва Ширинов Ҷурахон суҳбати пурмазмун доштанд. Бозоралӣ Одиназода нисбати рушди ноҳия дар тӯли 70 сол, саҳми шаҳрвандон дар инкишофи соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодии ноҳия маслиҳат дода, ба тағйиротҳои куллӣ дар даврони Истиқлоли кишвари азизамон Тоҷикистон махсус таъкид доштанд.
Ҳамзамон, ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ташкили роҳнамо ва хатсайрҳоро дастур дода, барои диққатҷалбкунанда омадани онҳо тавсияҳои судманд доданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.