Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МУШКИН ХАТИ МО РАФТУ ХИТОБЕ НАФИРИСТОД

      Ҷамъомади назоратии назди раиси ноҳия аз ҷамъбасти натиҷаи хуби иштирок барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани намоиши ниҳолҳо таҳти унвони "Самараи умри деҳқон" иштироки фаъолона дар чорабиниҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ноҳия сазоаори ҷойи сеюм дониста шуда, бо Дипломи дараҷаи 3 сарфароз гардонида шудан оғоз гардид.
Сипас барои ҳафтаи нав масъалагузорӣ шуд. Баргузории чорабинии "Сайри гули лола" барои тарбияи ватандӯстӣ, зебоипарастӣ ва табиатдӯстии шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд, ки бояд то 01.03.2010 дар ҳудуди ноҳия баргузор шавад. Назорати омодагӣ ва баргузории ин чорабинии фараҳбахш дар сатҳи баланд ба уҳдаи муовини раиси ноҳия Санифа Тағаймуродзода гузошта шуд.
Ҷиҳати сарбаландона омода намудани иншоотҳои ҷашнӣ як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вобаст гардиданд.
Ташкил ва баргузории вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолии ноҳия аз рӯи ҷадвали муайяннамудаи Ҳавзаи интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - 35 бо масъул гардонидани намояндагони ҳавза, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба самъи масъулон расонида шуд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.