Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - АЗ ДИДА БАСЕ ФАРҚ БУВАД ТО БА ШУНИДА


Имрӯз, 11.02.2020 дар доираи нақшаи ҳамкориҳо раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода намояндагони Фонди Ханс Зайдей (Бавария) Доктор Макс Майер аа хонум Изабелла Ҳардричро ба ҳузур пазируфт. Ҳадафҳои асосии фонди зикшуда мусодат ба рушди малакаҳои ташкилии ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани мудирият дар давраи гузариш, дастгирии соҳибкорӣ ва ислоҳоти худидоракунии маҳаллӣ аз таҷрибаи Бавария дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон мебошад.
Ҳангоми суҳбат меҳмонон ба шаклҳои хоҷагидории мардуми бумӣ, ташкили меҳнат ва даромади аҳолӣ, инфрасохторҳои саноат ва соҳаи иҷтимоӣ мароқ зоҳир намуданд.
Бояд қайд намуд, ки фонди мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои болоии идоракунии давлатӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзиш ва бозомӯзии кормандони мақомотҳои давлатӣ ҳамкорӣ дорад. Дар ҳамин радиф бо хатмкардагони Донишкадаи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Алиҷон ва Бобоев Амрулло, ки дар дастгоҳи раиси ноҳия фаъолият менамоянд, суҳбафжй намуданд.
Вохӯрии мазкур бо гирифтани сурати хотиравӣ ҷамъбаст гардид.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.