Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН


Имрӯз, 12.02.2020 дар толори мактаби рақами 14 вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси Ҳавзаи якмандатии интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 35 Маҳдӣ Орифзода вохӯриро кушода, ҳадафи гузаронидани чорабинии мазкурро шарҳ дод.
Сипас, сухан ба шахсони боэътимоди номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, баъд худи номзадҳо ба вакилӣ сухан карданд. Номзад ба вакилӣ Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович бо сабаби узрнок иштирок надоштанд ва шахси боэътимодашон Ғафоров Д. тарҷимаи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии он касро ба самъи ҳозирин расонданд.
Инҳо Гадоев Исмоил, Раҳмон Зиё ва Ҷиёнов Абдулҳаким Назримадович мебошанд, ки зимни суханрониҳои худ аз нуктаҳои асосии барномаҳои пешазинтихоботиашон барои интихобкунандагон ироа доштанд.
Дар бораи тарҷимаи ҳол, фаъолияти номзадҳо ва тартиби пешниҳодшуданашон ба тариқи зайл маълумот доданд:
1. Гадоев Исмоил, 25.05.1974, аъзои ҲХДТ, раиси Ҷамоати деҳоти "Қаҳрамон", сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, худпешбарӣ.
2. Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович, 20.08.1966, аъзои ҲХДТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе, аз ҲХДТ.
3. Раҳмон Зиё, 20.01.1954, аъзои ҲАТ, сармутахассиси Комиссияи аттестатстонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе, аз ҲАТ.
4. Ҷиёнов Абдулҳаким Назримадович, 04.04.1986, аъзои ҲИИТ, сармутахассиси шуъбаи буҷети Раёсати молияи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аз ҲИИТ.
Интихобкунандагон ҷавобан ба муроҷиати вакилон ва шахсони боэътимоди онҳо баромад намуда, барои ояндаи нек ва гулгулшукуфии кишвар иштирок ва тарафдориашонро изҳор доштанд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

  

 

  

 

  

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.