Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ПОЙ ЧУН ЛАҒЗИД, УМЕД АЗ ҲАВОДОРОН МАДОР


     Муҳимтарин давраи пешазинтихоботӣ то рӯзи интихобот маъракаи ташвиқу тарғиби номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба ҳисоб меравад. Ин давраи муҳим дар Ҳавзаи якмандатии интихоботии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ-35 аз маъракаи ҳамноми солҳои қаблӣ ба самти мусбат фарқ мекунад.
Чаро?
Зеро имрӯз мардум хеле хуб дарк кардаанд ва медонанд, ки иштироки онҳо дар интихоботи вакилон ба зинаҳои гуногуни мақомоти қонунгузорӣ барои шукуфоии мамлакат масъулияти бузург аст.
Ин падидаи нав дар вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар:
1. Гадоев Исмоил Шафеевич, 25.05.1974, аъзои ҲХДТ, раиси Ҷамоати деҳоти "Қаҳрамон", сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, худпешбарӣ.
2. Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович, 20.08.1966, аъзои ҲХДТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе, аз ҲХДТ.
3. Раҳмон Зиё, 20.01.1954, аъзои ҲАТ, сармутахассиси Комиссияи аттестатстонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе, аз ҲАТ.
4. Ҷиёнов Абдулҳаким Назримадович, 04.04.1986, аъзои ҲИИТ, сармутахассиси шуъбаи буҷети Раёсати молияи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аз ҲИИТ
ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Баёнзода Нигина ва Маҷлиси вакилони ноҳия Иззатова Садбарг Саидҷамолзода Саидамир дар деҳоти "Қаҳрамон" бараъло намудор буд.
Бояд қайд кард, ки муаррифии ҳар як номзад баёнгари омодагии онҳо ба маъракаи сиёсӣ маҳсуб меёбад.
Номзадҳо ба мақоми вакилӣ дар Маҷлисҳои болозикр барномаҳои пешазинтихоботии худро ба самъи интихобкунандаҳо расонда, аз Истиқлолияти комили кишвар шукргузорӣ намуданд, ки имрӯз метавонанд озодона номзадии хешро дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намоянд.
11 322 нафар сокинони деҳоти мазкур дар 7 маҳалли овоз(раъй)диҳӣ номнавис шудаанд ва аз онҳо 1846 нафарашон бори нахуст овоз(раъй) медиҳанд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

  

 

  

 

  

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.