Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - КИШТИ ПАХТА ОҒОЗ ЁФТ


Имрӯзҳо омодагии хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ба кишти пунбадона ҳамаҷониба рафта истодааст.
- Ҷуфти заминҳо, ҳамвор кардани онҳо, сихмолаву чапар ва омодасозӣ ба кишт бо суръат оғоз ёфтааст, - мегӯяд сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Маҳдӣ Орифзода.
Хоҷагии деҳқонии "Миҷгонаи Раҳим" (роҳбараш Раҳим Абдуалимов) дар деҳаи Пахтаободи Ҷамоати деҳоти Даштигуло дар 2 гектар замин кишти пунбадонаро аввалин шуда гузарониданд. Соли гузашта аз 2 гектар замин новобаста ба номусоидии ҳаво ва таъсири манфии ҳашароти зараррасон ба ҳисоби миёна 28 сентнерӣ ҳосил рӯёнида буданд.
- Имсол ният дорем, ки аз ҳар гектар то 36-38 сентнерӣ ҳосил ба даст биёрем, - мегӯяд роҳбари хоҷагӣ Раҳим Абдуалимов.
Дар расм: сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Маҳдӣ Орифзода ва раиси хоҷагии тиҷоратии "10-солагии Истиқлолият" Ҳабибулло Исматов дар замини хоҷагии деҳқонии "Миҷгонаи Раҳим" ва роҳбари хоҷагӣ Раҳим Абдуалимов ҳангоми кишти пунбадона.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.