Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ИҶЛОСИЯИ НАХУСТИН


Имрӯз дар толори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқ даъвати шашум баргузор гардид. Нахуст ахбороти раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳусейнов Аслам шунида шуда, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даъвати шашум тасдиқ гардид. Сипас вакилон савганди садоқат ёд намуда, як - як шаҳодатномаи вакилӣ гирифтанд.
Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Дастури кории Маҷлиси вакилон..., ташкили Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқ даъвати шашум, тасдиқи ҳайати Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, тасдиқи Низомномаи Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро мавриди баррасӣ қарор дода, номзадии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъматро ба аъзогии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва баррасӣ қарор дод. Дар мавриди пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида шуд. Ҳисоботи раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Сафаров Файзалӣ шунида шуд. Маълум гардид, ки аз 39 нафар вакилон ҳамаи 39 нафар ба тарафдории номзад ба аъзогии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудани раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат овоз доданд.
Барои иштирок дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, даъвати шашум 21 нафар вакилон пешбарӣ шуданд.
Дар поёни иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Мирзохон Гулмаҳмадзода баромад намуда, вакилони тозаинтихобшуда, номзад ба аъзогии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Бозоралӣ Неъмат ва вакилони ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намуданд.
Бо ҳамин иҷлосияи аввали Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати шашум ҷамъбаст гардид.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ

 

  

 

  

 

    

 

     

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.